Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 17.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон  бо мақсади муаррифии дастовардҳои илмии осорхона зимни ҳамоиш рӯнамоии китобҳои тозанашри муассиса баргузор гардид, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллӣ Алишер Зарипов.

Идома

ДУШАНБЕ, 14.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат, раиси Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон -Ватани азизи ман» Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи Комиссияи озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Идома

ДУШАНБЕ, 14.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Даҳаи сеюми моҳи марти соли равон дар Суғд Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» гузаронида мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Идома

Модарону бонувони арҷманд ва хоҳарону фарзандони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи модар, яъне ҷашне, ки барои ҳамаи мо бисёр азиз мебошад, самимона табрик мегӯям.

Ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломативу хушбахтӣ, хонаи обод ва рӯзгори осуда орзу менамоям.

Басо рамзист, ки ин рӯзи муборак ҳар сол дар рӯзҳои нахустини бедоршавии табиат, бо накҳату нафосати баҳорӣ ва дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил мегардад.

Зеро Зан – Модар сарчашмаву офарандаи ҳаёт, рамзи покиву зебоӣ, махзани меҳру вафо ва таҷассуми зиндаи муҳаббату самимият мебошад.

Идома