
ДУШАНБЕ, 26.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон»-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-и ноҳия оид ба амалисозии «Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040» ва «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025» озмуни ноҳиявии дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи илму ҳунар таҳти унвони «Нобиғагон» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар «Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон»-и ноҳияи Фирдавсӣ хабар доданд.
Идома















