Перейти к содержимому
 

Дар толори  театри «Аҳорун» -и шаҳри Душанбе, барномаи бошукҳи фарҳангӣ  бо иштироки ансамбли «Фалак» -и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ ва ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» доир гардид. Нахуст иштирокдорони ин барномаи дилнишини фарҳангиро муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ба муносибати рӯзи «Фалак» табрику таҳният гуфта, аз таърихи фалак ёдовар шуд. Дар чорабинии фарҳангӣ, аҳли ҳунар тавонистанд, бо суруду оҳангҳои  марғубу дилнишин таъби  иштирокдоронро ҳаматарафа шоду болида намоянд.

Имсол дар Тоҷикистон Бозиҳои 16-уми Делфии ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Дар онҳо зиёда аз 500 нафар истеъдодҳои ҷавони аз 10 то 25-сола аз тамоми кишварҳои ИДМ аз рӯи номинаҳои фортепиано, скрипка, санъати тасвирӣ, сарояндаи академӣ, сарояндаи халқӣ, сарояндаи эстрада, рақси халқӣ, созҳои нафасӣ, созҳои халқӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳунарнамоӣ мекунанд. Соли равон 10 нафар довталаб аз Мактаби миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев ширкат меварзанд. Идриси Баҳодур  хонандаи синфи 8-уми Мактаби мазкур буда, дар Бозиҳои 16-уми Делфӣ иштирок менамояд. Мавсуф дар ин озмун 3 суруд пешниҳод мекунад. Юсуфҷони Сангалӣ низ дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ аз рўи номинатсияи  сарояндаи эстрада  иштирок мекунад.Мавриди зикр аст, ки соли 2017 дар Екатеринбург хонандаи Мактаби миёнаи махсуси санъати  ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев Идибек Тошев медали тиллои ин озмуни бонуфузро ба даст оварда буд

Бозиҳои 16 – уми  Делфии ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун чорабинии байнидавлатии кишварҳои аъзои ИДМ маҷмуи мусобиқоти байниҳамии озмунӣ ва фестивалии ҷавонони лаёқатманд бо мақсади нишон додани сатҳи баланди ҳунарнамоӣ аз рӯи намудҳои гуногун ва номинатсияҳои санъати мардумӣ, классикӣ ва муосир бо фарогирии теъдоди бузурги иштирокчиён, ҳамзамон дар майдонҳои алоҳида, бо тақсимбандии синнусолӣ, пешниҳоди дарсҳои маҳорат, чорабиниҳои илмӣ – амалӣ ва маърифатӣ мебошад. Ин бозиҳо имрӯз воситаи самарабахши ҷустуҷӯ, дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон гардидаанд.  Айни замон дар фаъолияти Кумитаи Байналмилалии Делфӣ ( қароргоҳаш дар шаҳри Москва ) 115 давлат иштирок менамояд.

Бозиҳои Делфии  кишварҳои  аъзои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз соли 2002 бо Қарори Шӯрои Сарони давлатҳои ИДМ гузаронида шуда, ташкилкунандагони он Сарони давлатҳои ИДМ, Кумитаи Байналмилалии Делфӣ, созмонҳои миллии Делфӣ мебошанд.

Барои омодагӣ ва гузаронидани Бозиҳо қарор қабул гардида, кумитаи тадорукот бо мақсади ҳаллу фасли оҷилии масоили ба миёномада таъсис дода мешавад. Бозиҳоро Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои  ИДМ, Фонди байнидавлатии гуманитарии  ҳамкориҳои кишварҳои Иттиҳод, Шӯро оид ба ҳамкориҳои фарҳангии кишварҳои аъзои ИДМ, Шӯро оид ба корҳои ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ, Шӯрои Аврупо ва ЮНЕСКО сарпарастӣ менамоянд.

Падидаи фарқкунандаи  ин мусобиқа дар он аст, ки дар он дастаҳои ҷавонони Делфӣ аз ҳамаи кишварҳои аъзои ИДМ ширкат меварзанд.

Бар замми баромад ва санҷишҳои инфиродӣ ҳар як иштирокчӣ ҳамчун аъзои ҳайати расмӣ шарафи кишвари худро ҳимоя намуда, иқтидори фарҳангии мамлакати худ ва сатҳи муосири рушди санъаташро нишон медиҳад.

Бозиҳо чорабинии бузурги оммавӣ ба ҳисоб рафта ( бештар аз 800 иштирокчии синну соли 10 -25 сола ), дар муддати 6-7 рӯз аз рӯи 20 – 25 номинатсияҳои халқӣ, классикӣ ва муосир қувваозмоӣ мекунанд.

Ба ҳайати ҳакамон аз рӯи ҳар номинатсия ходимони намоёни санъату ҳунар,  профессору  докторони  санъатшинос,  зиёда аз 100 нафар шомил мегарданд.   

Тавре зикр гардид, дар ҷаласаи байнипарлумонии Ассамблеяи кишварҳои аъзои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ( ш. Минск, Белорус, 11марти  соли 2022, № 18 ) ба бунёди Бозиҳои Делфӣ асос гузошта шуд.

То  имрӯз  Бозиҳои Якум дар ( 2002, ш. Брянск, Федератсияи Россия ), Дуюм ( 2004, ш. Кишинев, Молдова ),  Сеюм ( 2005, ш. Киев, Украина ), Чорум ( 2006, ш. Остона, Қазоқистон ),  Панҷум ( 2008, ш. Минск, Белорус ),  Шашум ( 2010, ш. Ереван, Арманистон ),  Ҳафтум ( 2012, ш. Остона, Қазоқистон ),  Ҳаштум ( 2013, ш. Новосибирск, Федератсияи Россия ),  Нӯҳум ( 2014, ш. Волгоград, Федератсияи Россия ),  Даҳум ( 2015, ш. Орёл, Федератсияи Россия ), Ёздаҳум ( 2016, ш. Москва,Санкт – Петербург, Федератсияи Россия ),  Дувоздаҳум ( 2017, ш. Екетеринбург, Федератсияи Россия ),  Сенздаҳум ( 2018, ш. Саратов, Федератсияи Россия ),  Чордаҳум ( 2019, вил. Москва, Федератсияи Россия ),  Понздаҳум ( 2021, ш. Москва, Федератсияи Россия )  баргузор  гардиданд.

Дар сатҳи миллӣ дар кишварҳои алоҳида Бозиҳо баргузор мешаванд, ки дар онҳо  ҳамасола  зиёда  аз  1 миллион ҷавонон иштирок менамоянд.

Онҳо маҳаки дастаҳои яккачинро барои иштирок дар мусобиқаҳои байналхалқӣ ташкил медиҳанд.

Масалан, дар Федератсияи Россия 21, Қазоқистон - 13, Молдова - 3, Украина – 5 маротиба Бозиҳо баргузор гардидаанд. Нахустин Бозиҳои Делфӣ дар Ҷумҳурии Арманистон ташкил карда шудааст. Дар Ҷумҳуриҳои Озорбойҷон, Белорус, Қирғизистон таъсиси командаҳои яккачин дар асоси озмун ба роҳ монда шудааст. Таҷрибаи Қазоқистон доир ба шомилсозии Бозиҳои Делфӣ ба Барномаи давлатии рушди маорифи Ҷумҳурии Қазоқистон  барои солҳои 2011 – 2020 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Консепсияи сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Қазоқистон барои солҳои 2015 – 2019 боиси дастгирӣ мебошад.  Фаъолияти шӯрои миллии Делфӣ дар Россия нисбати ташкили Бозиҳо аз ҷониби ҷаласаи  шурои ҳамоҳангсозии  истеъдодҳои  ҷавонони Россия ( 30. 10. 2014 ) хуб арзёбӣ гардид.

Барандагони  ( ғолибон ва мукофотгирандагон )  бо медалҳои  тилло, нуқра ва биринҷӣ сарфароз гардонида мешаванд. Барои баромадҳои арзанда ҳайати ҳакамон иштирокчиёни алоҳидаро бо дипломҳо қадрдонӣ мекунад. Бо истифода аз ин усули мукофотонӣ ташкилотчиён ба дарёфти сатҳи баланди  қувваозмоӣ дастёб мегарданд.

Дар қатори барандагони бозиҳои Делфӣ овозхонони Театри Калони давлатии академӣ, Театри академии Калони опера ва балети Белорус, Театри миллии опера ва балети Қазоқ ба номи К. Байсеитой, операи миллии Украина, Театри операи Милан “Ла Скала”, Театри операи Париж “Гранд опера”, Театри операи шоҳии Лондон “Ковен Гарден”, Театри мусиқии Ню –Йорк “Метрополитен -Опера”, операи давлатии Вена, гурӯҳи “Рефлекс”, ғолибони озмуни байналхалқии ба номи П. И. Чайковский, озмуни наврасони Евровидение, озмунҳои телевизионии “Минута славы”, “Новая волна”, “Голос”ва ғайра иборат мебошанд.  

Ҷараёни Бозиҳо дар зиёда аз 800 шабакаҳои радио ва телевизион, шабакаҳои   иҷтимоӣ ва рӯзномаву  маҷаллаҳои  байналхалқӣ, федералӣ ва музофотӣ   ба таври васеъ инъикос меёбанд.

Иттилоот  оид ба  бозиҳо дар шаҳрҳо дар овезаҳои андозаи 3х6 м, дар пештоқи мағозаҳо, марказҳои савдо ва тиҷорат, фурудгоҳҳо, вокзалҳои роҳи оҳан  ва кинотеатрҳо насб мегарданд.

Нақши асосиро бо таҷрибаи бисёрсола шабакаи телевизионии “Мир” дар инъикоси ҷараёни чорабинӣ мебозад. Ба таври алоҳида интернет - телевидении ДЕЛФИК. ТВ бо мақсади ҷамъоварӣ ва пешниҳоди дастрасӣ роҳандозӣ мегардад.

Тибқи Амри Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 22.07. 2022 № РП – 242  ва нақшаи  чорабиниҳо  оид ба гузаронидани Соли  ҳунарҳои  мардумӣ ва ёдгориҳои фарҳангӣ дар ИДМ соли 2022,   ки бо  Қарори  Шӯрои   Сарони кишварҳои аъзои ИДМ аз 12.11. 2021 тасдиқ гардидааст, аз  14  то 18 октябри соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ( шаҳри Душанбе )  Бозиҳои шонздаҳуми Делфии ҷавонони  кишварҳои  аъзои ИДМ баргузор мегардад.

Дар  назар   аст, ки дар ин чорабинӣ зиёда аз 400 нафар истеъдодҳои ҷавон   аз  синни 10 то 25 аз тамоми кишварҳои ИДМ аз рӯи номинатсияҳои    фортепиано, скрипка, санъати  тасвирӣ, сарояндаи академӣ, сарояндаи  халқӣ, сарояндаи эстрада, рақси халқӣ, созҳои нафасӣ,  созҳои халқӣ, ҳунарҳои мардумӣ иштирок менамоянд.

Ба ҳайати ҳакамон   қариб  35 нафар  ходимони   шинохтаи санъату ҳунари ИДМ  шомил мебошанд.  Конфронси байналхалқӣ коршиносонро аз хориҷи дуру наздик ба ҳам меорад, ки мавзӯи асосӣ 20 - солагии ҷашни нахустин баргузории Бозиҳо мебошад.

Низомномаи  Бозиҳо, талаботҳои   барномавӣ ва  шаклҳои дахлдори пешниҳоди  дархостҳо дар сомона   Вазорати фарҳанг www.vfarhang.tj  ҷой дода шудаанд.

Чорабиниҳо  дар   толорҳои муассисаҳои зертобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Бозиҳои Делфӣ барои ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тибқи номинатсияҳо:

  • ФОРТЕПИАНО дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов;
  • СКРИПКА дар Мактаб–интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи З.Шаҳидӣ;
  • САНЪАТИ ТАСВИРӢ дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон;
  • СОЗҲОИ НАФАСӢ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода;
  • САРОЯНДАИ АКАДЕМӢ дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов;
  • САРОЯНДАИ АНЪАНАВӢ дар  Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода;
  • САРОЯНДАИ ЭСТРАДӢ дар Кохи “Суруш”;
  • РАҚСИ ХАЛҚӢ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ;
  • СОЗҲОИ ХАЛҚӢ дар Мактаб – интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М.Атоев;
  • ҲУНАРҲОИ ХАЛҚӢ ВА БАДЕӢ дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни

Барои маълумот: 

Таърихи расмӣ ва ҷойи тавлиди Бозиҳо соли 582 то милод дар Юнон маҳсуб меёбад. Якҷо бо бозиҳои Олимпӣ, Делфӣ ( номи пешина - Пифийкӣ ) беш аз 1600 сол манъ карда шуда, танҳо дар оғози асри 20 аз нав эҳё гардиданд. Аз соли 1927 то соли 1930 дар Юнон фестивали Делфӣ ҳамгунаи бозиҳои антиқии Пифийкӣ гузаронида шуданд. Вале Ҷанги дуюми ҷаҳон муваққатан садди роҳи баргузории ин чорабинии фарҳангӣ гардид.

Корҳо ҷиҳати эҳёи Бозиҳои Делфӣ солҳои 70 –уми асри XX дар Иттиҳоди Шӯравӣ дар  доираи чорабиниҳои  эҷодии  ҷавонон баргузор мегардиданд.  Таҷрибаҳои  андӯхта баҳри таъсиси  Шӯрои милии  Делфӣ  ва коркарди   шакли  муосири  бозиҳо   дар Федератсияи  Россия соли 1999 мусоидат намуд.

Марҳилаи  нави  Бозиҳои Делфӣ , ки падидаи  ҷаҳонӣ гашт,  танҳо соли  2000  оғоз гардида,  дар шаҳри  Москва бо  иштироки  27 кишвар аз ҷониби Шӯрои  миллии Делфии  Россия нахустин Бозиҳои умумиҷаҳонии Делфӣ  баргузор гардиданд.

Дар Муассисаи давлатии китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар бахшида ба рӯзи забони давлатӣ чорабинии фархангӣ адабӣ баргузор гардид. Дар чорабини   омӯзгорону узви фаъоли  китобхона, донишмандону забоншиносон, инчунин адибон ҳузур доштанд. Дар тадбири мазкур нахуст аҳли адаб суханронӣ намуда ҳозиринро бо ин рӯзи муборак ва муқаддас табрику шодбош намуданд. Зимни суханрони иброз намуданд, ки забон ҳастии милат, муҳимтарин унсури бақои миллат , оинаи рӯзгори гузаштаву ҳозира  мебошад. Хамин тавр, аз ҷониби хонандагон шеъру таронаҳо инчунин  маърузаҳо дар васфи забони тоҷикӣ  пешниход карда шуд.