«Ширинак»
«Бо ҳам меёбем»
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Тоҷикистон таҳти ин унвон аз моҳи март то апрел фестивали гулҳо баргузор мешавад.

ДУШАНБЕ, 12.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Охири моҳи апрели соли равон дар Тоҷикистон Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад. Ғолибони фестивали мазкур бо Шоҳҷоиза (Гран-при), дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва шахсони ташаббускор, роҳбарони корхона, муассиса ва дигар ташкилот, ки дар он фаъолона иштирок менамоянд, бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди маҳал хабар медиҳад.
Идома«НИГОҲИ ПУРАСРОРЕ БА ГЕТӢ». Дар шаҳри Душанбе асарҳои рассом Анваршо Сайфудинов ба намоиш гузошта шуд.

ДУШАНБЕ, 13.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши асарҳои эҷодии Арбоби ҳунари Тоҷикистон Анваршо Сайфудинов таҳти унвони «Нигоҳи пурасроре ба гетӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон хабар доданд.
ИдомаҶАВОНОН-НЕРУИ СОЗАНДА ВА ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА. Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ соҳиби шаҳодатнома ва сипосномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гардиданд.

ДУШАНБЕ, 10.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҷлиси ҳисоботӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.
ИдомаБарои беҳтар намудани омодагии довталабон ба Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ санҷишҳои озмоишӣ гузаронида мешаванд.

ДУШАНБЕ, 11.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода дар нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти Марказ дар соли 2023 иттилоъ дод, ки озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даври сеюм дар асоси саволномаҳои тестӣ (хаттӣ), ки аз рӯйи гурӯҳи ихтисосҳо бо забони давлатӣ аз ҷониби Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисони фаннӣ ва таъсиси гурӯҳҳои корӣ барои ҳар ихтисоси ҷудошуда дар доираи барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳия ва тасдиқ мегардад, гузаронида мешавад.
ИдомаТОЗАГИВУ ХУРРАМГАРДОНӢ-КОРИ ҲАМАГОНӢ. Маҳз муҳити тоза ва сарсабзи зист яке аз ченакҳои асосии сатҳи зиндагии инсон ба ҳисоб меравад.

ДУШАНБЕ, 11.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тозагиву хуррамгардонии пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе кори як сохтор ё ташкилоту муассиса набуда, балки вазифаи ҳамагонӣ, махсусан рисолати сокинони шаҳри Душанбе мебошад. Дар ин хусус андешаҳои сармуҳаррири ҳафтаномаи «Мароми пойтахт» Шаҳриёр Олимов дар мавриди ободонии пойтахт ва ба «шаҳри сабз» табдил додани он манзур мегарданд.
ИдомаМАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-КАФИЛИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Андешаҳои доктори илмҳои фалсафа Рустам Ҳайдаров дар ин мавзуъ.

ДУШАНБЕ, 11.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Таъмини ваҳдати миллӣ шарти муҳими бунёди давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Афзоиши иқтисодӣ, пешрафти иҷтимоӣ ва демократии мамлакат танҳо дар сурати мустаҳкам намудан ва маҳфуз доштани ягонагӣ ва иттиҳоди ҷомеа имконпазир аст. Барои ҳалли ин мушкилот Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, соҳибихтиёр ва дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшуда иродаи сиёсӣ ва тамоми захираҳои иқтисодию иҷтимоии заруриро дорад. Ҳифзи истиқлолият ва таҳкими давлатдорӣ, баробарии имконият ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, бунёди миллати зеҳнгаро ва рушди руҳияи миллӣ бояд таҳкурсии асосии ваҳдати миллӣ ва принсипҳои зиндагии ҳар яки мо гардад. Ҳамаи ин барои тараққиёти пуравҷ ва пайдарпайи мамлакат дар дурнамои наздик замина ба вуҷуд меоварад.
Идома«Рисолати ватандорӣ»
Рафти корҳои ободониву созандагӣ , тарғибу ташфиқи соҳаҳои гуногуни фаъолият аз н. Ёвон.








