Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 02.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Идома

ДУШАНБЕ, 02.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Идома

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати иқтисодию иҷтимоии давлат масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолиро яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷа муайян намудаанд.

Идома

Ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2024, №671 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Идома

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мутобиқи моддаҳои 143, 147 ва 149 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» фармон медиҳам:

Идома

ДУШАНБЕ, 21.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Миллат ва давлат дар арафаи ҷашни Ваҳдатӣ миллӣ қарор доранд ва мардум имрӯзҳо, замоне, ки даргириҳои хунин дар аксари мамлакатҳои олам идома дорад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ гирифтори буҳронҳои шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву ҳувиятӣ аз як тараф ва мушкилоти дигари иқлимӣ аз тарафи дигар, ки  пайомадҳои номусоиди он тағйири боду ҳаво аст, мардум  бештар ба мафҳуми ваҳдат, ки маънои он барои одамон якдилӣ, барои давлат якпорчагӣ, барои рушди он иттифоқи тамоми шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату дину мазҳаб мебошанд, рӯй меоранд ва онро бояд пос доранд.

Идома