Перейти к содержимому
 

Дар Маҳомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои ш. Душанбе маросими ҷамъбасти даври ноҳиявии озмуни шаҳрии  «Китобхонаи беҳтарин» доир шуд. Тавре иттилоъ дода шуд, дар ин озмун  зиёда аз 15 китобхонаи дар ҳудуди ноҳия ҷойдошта иштирок дошта, аз ҷониби ҳайати ҳакамон 10 китобхона беҳтарин  муайян шуд ва бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Ёдовар мешавем, ки   озмуни мазкур аз рӯи 4 наминатсия беҳтарин китобхонаи соҳавӣ, беҳтарин китобхонаи оилавӣ, беҳтарин  китобхонаи идоравӣ ва беҳтарин китобхонаи оммавӣ гузаронида шуд.

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51-уми ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ва лозима омӯзонидани фанни мазкур ба хонандагон шароити мусоид муҳайё намудаанд. Тибқи иттилоъ дар таълимгоҳи мазкур 2 синфхонаи иттилоотӣ бо 140 адад компютер, тахтаи электронӣ 7 адад, 1 синфхонаи лингафонӣ ва дигар таҷҳизоту лавозимоти таълимӣ таъмин карда шудааст. Раванди дарсҳо тибқи барномаҳои таълимӣ сурат гирифта, омӯзгорон вобаста ба ҷадвали пешниҳодшуда дарс мегузаранд. Дар баробари ин дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51-уми ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе  барномаи электронии Э-дониш низ амал мекунад.

Имрӯз Дабири кулли Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ (СҶҲ) муҳтарам Петтери Таалас ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Мехоҳам Шуморо ба муносибати қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ доир ба эълон намудани соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо самимона шодбош гӯям.

Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ омода аст ин ташаббуси муҳимро бо ниҳодҳои илмӣ ва коршиносони худ дастгирӣ намояд. Мо пешвоии қавии Тоҷикистонро дар рӯзномаи ҷаҳонии об ва криосфера эътироф менамоем. Чанде пеш имкони хубе доштам, то аз кишвари Шумо боздид намоям ва таъсири тағирёбии иқлимро ба пиряхҳои Шумо бубинам.

Бесаброна мунтазири идома ёфтани ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони байналмилалиамон дар чорабиниҳои канории Конфронси дарпешистодаи оби Созмони Милали Муттаҳид (СММ) моҳи марти соли 2023 ҷиҳати таблиғи мавзӯъҳои асосӣ, аз қабили таъсири иқлим ба пиряхҳо ва гардиши об, инчунин андешидани тадбирҳои мутобиқшавӣ ба ин тағйирот, аз ҷумла рушди хадамот ва имконоти мукаммали огоҳсозии барвақтӣ мутобиқи даъвати Дабири кулли СММ оид ба огоҳии бармаҳал барои ҳама, ки онро СҶҲ дар якҷоягӣ бо Дафтари СММ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ (UNDRR) роҳбарӣ мекунад, ҳастам. Лутфан, Ҷаноби Олӣ, таманниёти беҳтарин ва эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред».

Имрӯз Раиси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Чаба Короши ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли ифтихор мехостам Шуморо ба муносибати муваффақона қабул гардидани Қатънома зери унвони “Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 14 декабри соли 2022 сурат гирифт, табрик намоям.

Итминони комил дорам, ки қабул гардидани ин қатънома ба баррасии аҳаммияти пиряхҳо ҳамчун ҷузъи даври гидрологӣ ва мушкилиҳои ногузир, ки обшавии босуръат ва коҳиши пиряхҳо барои муҳити зист, тандурустии инсон, рушди устувор ва пойдории таъминоти об ба вуҷуд меоваранд, мусоидат хоҳад кард.

Умедворам, ки ширкати фаъоли Шумо дар Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид – 2023 натиҷаҳои назаррас ва пешниҳодоти амалию таҳаввулофаринро ҷиҳати пайдо намудани ҳалли устувори масъалаҳои марбут ба об дар ҳавзаи дарёҳои аз пиряхҳо ибтидогиранда ба бор хоҳад овард. Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред».

Дар толори Гимназияи №4-и ноҳияи Фирдавсӣ маросими ҷоизасупории ғолибони даври дуюми ( ноҳиявӣ ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею гимназияҳои ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он ғолибон бо медалу ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд. Дар даври дуюми ноҳиявии Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ миёни синфҳои 5-11 аз ноҳияи Фирдавсӣ, 4996 иштирок намуданд, ки аз ин шумора 574 нафарашон ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифтанд. Маврид ба зикр аст, ки аз ин 574 нафаре, ки ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифта 150 нафараш сазовори ҷои якум, 145 нафар ҷои дуюм ва 279 нафари дигар сазовори ҷои сеюм гардиданд.

Дар Кохи «Суруш» -и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ-Душанбе» баргузор гардид. Ёдовар мешавем, ки озмун аз номинатсияҳои гуногун иборат буда, довталабон бештар дар васфи пойтахти азизамон шаҳри Душанбе, дар ин замина эҳтиром гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ, маҳорати зеҳнии хешро санҷиданд. Дар натиҷа 33 нафар аз рӯи ҳамаи номинатсия ва бахшҳо ғолиб гардиданд. Ба ғолибони озмун аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар вазъи тантанавӣ бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе  даври шаҳрии   озмуни «Хонандаи сол» баргузор  гардид. Озмуни мазкур бо мақсади дарёфти наврасону ҷавонони боистеъдод ва соҳибилм  роҳандозӣ мегардад. Тибқи талаботи низомномаи озмун хонандагон аз рӯи фанҳои барномаи таълимӣ корҳои хаттӣ ва амалҳои тестиро иҷро намуданд. Ҳамзамон бахши намоиши корҳои эҷодии хонандагон, муаррифӣ ва бахши ҳозирҷавобӣ аз тарафи ҳайъати ҳакамон баҳогузорӣ карда мешавад. Ёдовар мешавем, ки дар даври шаҳрии озмун 5 нафар хонанда аз Муассисаҳои таълимии 4 ноҳияи пойтахт ширкат варзиданд.