Перейти к содержимому
 

Баррасии масоили рушду густариши минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Чин дар вохӯрии хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар мулоқот бо ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.

Нахуст, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақом - Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ва ҳайати расмии кишвари ҳамсояро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Идома

5 июл маросими истиқболи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар майдони Қасри миллат, ки ба ин хотир идона ороста буд, баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони воломақомро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Идома

5 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерришро ба ҳузур пазируфтанд.

Идома

Дар ҳошияи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори Агентии иттилоотии “Синхуа” мусоҳиба анҷом доданд.

Идома

4 июл Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми баланд меҳмони олимақом - Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпинро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Идома

4 июли соли 2024 дар шаҳри Остона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии «Созмони ҳамкории Шанхай – плюс» дар мавзӯи «Таҳкими муколамаи бисёрҷониба – талошҳо барои сулҳ ва рушди устувор» иштирок карданд.

Идома

4 июли соли 2024 дар шаҳри Остона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.

Идома

ДУШАНБЕ, 04.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ватан сарзамини аҷдодӣ ва маъвои меҳр аст. Ватандӯстӣ ин муносибати шахс бо давлат аст. Тарбияи ватандӯстӣ ин раванд аст. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», ки аз 24 декабри соли 2022 қабул шудааст, мафҳуми ватандӯстӣ  — муҳаббати шахс ба Ватан, сарзамин ва халқ, ҳифз намудан аз душман ва содиқона хизмат кардан маънидод гардидааст.Чунин омадааст  дар мақолаи   раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор  Изатуллои ҲАБИБЗОД, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол шудааст. Номбурда дар идомаи мақола чунин изҳори назар кардааст:

Идома