Перейти к содержимому
 

Ангезандаи зуком вирусҳои типи А,Б,С мебошанд. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, бештари шахсоне, ки бо нишонаҳои зуком дар муассисаҳои тиббӣ ба қайд гирифта мешаванд, натиҷаи ташхис нишон медиҳад, ки онҳоро вирусҳои типи А ва Б гирифтори зуком кардааст. Бемории зуком ногаҳон сар мезанад. Табларза,  ҳарорати баланд,  сарчархзанӣ, дарди сар дар қисмати пешонӣ, беҳолӣ, дарди банду буғумҳо ва мушак, дилбеҳузурӣ, хориши гулў, сулфаи хушк нишонаҳои асосии зуком аст. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин вазъ аз сокинони кишвар даъват ба амал меоварад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ниқоб истифода намоянд.    

Дар таълимгоҳи №54 - уми ноҳияи Синои пойтахт 4584 нафар хонанда  ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Раванди  таълим дар муассиса бо забони тоҷикӣ ва русӣ дар ду баст ба роҳ монда шудааст. Тавре мушоҳида намудем, таълимгоҳ дорои 66 синфхона буда, хамаи он бо асбобу лавозимоти хониш муҷаҳҳаз мебошанд.  Бояд гуфт, ки дар муассисаи мазкур 14 адад тахтаи электронӣ мавҷуд буда, соатҳои дарсӣ тавассути тахтаҳои электронӣ гузаронида мешаванд.

Дар шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол» ҷамъбаст гардид. Ҳамин тариқ дар бахши назм мақоми аввал насиби асари  «Ҳаҷми нигоҳ» -и Давлати Раҳмониён гардид. Дар бахши  публитсистӣ ҷойи аввалро адиби шинохта Абдулҳамид Самад бо асари «Дастовез» ишғол намуд. Дар бахши асарҳои назму насри бачагона зинаҳои аввалро Ҷӯра Ҳошимӣ бо китоби «Машқи ҳисоб» ва Маҷид Салим бо китоби «Саги кӯр» сазовор гардиданд. Дар  бахши 6 –ум, ки тарҷумаи асарҳои бадеӣ унвон гирифта буд, мақоми аввал насиби асари адиби шинохта Муъмин Қаноат «Аз Ховар то Бохтар» гардид.

Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Рассомони наврас» баргузор гардид. Соли ҷорӣ дар озмун 200 нафар довталабон ширкат намуда, зиёда аз 322 асарҳои эҷодкардаи худро пешкаши ҳакамон гардониданд,ки аз ин теъдод 33 нафар соҳиби диплом ва 12 нафари дигар ғолиби озмун шуданд. Ёдовар мешавем, ки баргузории озмуни истеъдодҳои наврас таҳти унвони «Рассомони наврас» бахшида ба 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки аз соли 2016 инҷониб доир мегардад,роҳандозӣ шуд.   

Дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Намоишгоҳи даҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор гардид, ки он то 16 декабр идома меёбад. Намоишгоҳи мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он ноширони дохилу хориҷи кишвар, ба монанди Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии нашриёти «Адиб», Муассисаи давлатии нашриёти «Ирфон», «Нашриёти муосир», Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот, Комплекси табъу нашри «Шарқи озод», намояндагони Россия, Ҳиндустон, Туркия, Беларус, Эрон, Қазоқистон иштирок намуданд ва  китобҳои тозанашри худро ба намоиш гузоштанд. Намоишгоҳи байналмилалии китоб то 16 декабр идома меёбад.

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории ғолибони даври дуюми Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии н. Шоҳмансур баргузор гардид. Олимпиадаи мазкур аз рӯйи 13 фанни таълимӣ баргузор шуд. Бояд тазаккур дод, ки шумораи иштироккунандагони даври ноҳиявии имсола ба 3953 нафар рост меояд,ки дар қиёс ба соли гузашта 587 нафар хонанда зиёд мебошад. Акнун ғолибони даври ноҳиявӣ ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.

Дар рӯзи 9-уми  даври ниҳоии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» довталабони номинатсияи адабиёти классик фаъол буданд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки иштирокдорон пурра аз талаботи озмун бархурдор буда, ба даври ҳалкунанда тайёрии ҷиддӣ дидаанд. Тибқи иттилоъ 95 нафар довталаб дар номинатсияи адабиёти классик ширкат менамоянд. Аз ин шумора 72 нафарашон аллакай баромад намуда, маҳорати худро нишон доданд. Аз 13 то 15-уми декабр бошад маҳорати  23 нафар мавриди санҷиш қарор мегирад.