ДУШАНБЕ, 15.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Хатлон ба ноҳияи Вахш ташриф оварданд.
ИдомаБа хонандагони лаёқатманди Истаравшан стипендияи раиси шаҳр супорида шуд.
СУҒД, 14.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳри Истаравшан стипендияи раиси шаҳр супорида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар доданд.
Идома«РАССОМИ НАВРАС». Дар Душанбе озмуни шаҳрӣ ҷамъбаст шуд.
ДУШАНБЕ, 15.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов Озмуни шаҳрии «Рассоми наврас» ҷамъбаст гардид, ки ба таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе хабар доданд.
Идома«Таҳамтан»
Анушервон Мирзоев варзишгари наврас аз намуди Таэквондо ИТФ.
«Сафои саҳар»
«Аниси кунҷи танҳоӣ…»
Сайдализода Шукрона ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз номинаи эҷоди назм.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бинои нави таълимии филиали Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»-ро ба истифода доданд.
ДУШАНБЕ, 14.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. 14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо раванди тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, шароити зиндагии сокинон, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва амалишавии барномаҳои давлатӣ, вазъи корҳои кишоварзӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.
ИдомаГӯшаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ дар Ашқобод баҳои баланд гирифт.
ДУШАНБЕ, 14.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар намоишгоҳи байналмилалӣ дар Ашқобод, ки дар ҳошияи форуми байналмилалии «Муколама-кафили сулҳ» доир гардид, гӯшаи Тоҷикистон ташкил шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
ИдомаФаъолияти муассисаҳои типпӣ нав.
Соли таҳсили 2023-2024 барои хонандагону аҳли омӯзгорони Гимназияи 2-юми ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе соли бобарор омад. Зеро таълимгирандагони ин макони илму дониш ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил шуданд. Дар Гимназияи мазкур 985 хонанда таҳсил менамояд, ки ба онҳо 57 омӯзгори соҳибтахассус таълим медиҳанд. Ҳамин аст, ки соли равон дастаи олимпии таълимгоҳ ба дастовардҳои хуб ноил гардиданд.Хонандагон аз рӯи 13 фанни таълимӣ дар олимпиадаи даври ноҳиявӣ ширкат варзида 80 нафари онҳо соҳиби ҷойҳои намоён гардида, ба даври шаҳри роҳхат гирифтанд.Ҳамзамон хонандаи Гимназия Исломиддин Собиров дар озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикон-оинаи таърихи миллат" ҷойи 3-юмро ишғол намуд. Аз дастовардҳои хонандагон масъулин ва омузгорони Гимназия ифтихор доранд ва минбаъд низ азм доранд, то сатҳу сифати таълиму тарбияро хубтару беҳтар намоянд.
Рафти зимистонгузаронӣ дар Муассисаҳои таълимии н. Файзобод.
Масъулини Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16-уми ба номи Карим Саидови ноҳияи Файзобод низ баҳри дар сатҳи зарурӣ гузаронидани мавсими сармо тадбирҳои мушаххас андешидаанд. Зимни суҳбат роҳбарияти таълимгоҳ иброз доштанд, ки бо мақсади таъмини Муассиса бо ангишти хушсифат бо коргоҳҳои ватанӣ ҳамкориро ба роҳ мондаем, ки тибқи шартнома ба миқдори лозима ангиштро дастрас кардаем. Ҳамзамон аз ҳудуди Муассиса ба миқдори муайян ҳезум низ таъмин карда шудааст, ки барои бе мушкилӣ сипарӣ намудани давраи зимистон кофӣ аст. Ҳамчунин иштироки фаъолонаи хонандагони таълимгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Тоҷикистон ватани азизи ман", "Илм фурӯғи маърифат", "Тоҷикон оинаи таърихи миллат" ва дигар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ назаррас арзёбӣ карда шуд.