Перейти к содержимому
 

Саломати неъмати олии ҷудонопазири инсон буда, хусусан ба воя расонидани насли солим дар пешравии давлат нақши муҳим дорад зеро яке аз омилҳои ҳифзи саломатии кӯдак ин беҳтар намудани ғизои кӯдакон ва тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад тақсимоти ғилофаки витамини «А» дар Кӯдакистон №12-уми ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аз тарафи  Маркази саломатии №13-уми шаҳри Душанбе ба кӯдакони аз синни 1 то 5 сола  гузаронида шуд.Ба иттилои масъулин тақсимоти  витамини «А» аз 1 июн шуруъ шуда то 10 июни  соли ҷорӣ дар 33 минтақаи кишвар  идома меёбад. Тибқи иттилои Созмони  умумиҷаҳонии тандурустӣ  аз сабаби норасоии витамини «А» дар ҷаҳон аз 250 то 500 ҳазор кӯдак биноияшонро аз даст медиҳанд. Витамини «А» дар як сол ба кӯдакон ду маротиба гузаронида мешавад.

ДУШАНБЕ, 05.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво дар водиҳо аз 40 дараҷа боло меравад, иттилоъ доданд ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Баландшавии ҳарорат дар минтақаҳои баландкўҳ ба обшавии барф, пиряхҳо ва зиёд шудани ҳаҷми об дар рӯдхонаҳо оварда мерасонад, ки ин метавонад сабаби фаромадани сел, ярч ва сангрезиҳо гардад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат дар ин рӯзҳо хоҳиш менамояд, ки махсусан ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ниҳоят эҳтиёткор бошанд.

Дар баробари баланд шудани ҳарорати ҳаво, ҳангоми истироҳат ва шиноварӣ эҳтиёткор будан ва дар назди дарёҳо, каналҳо, хавзҳо ва обанборҳо қоидаҳои бехатариро риоя кардан лозим аст. Риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ боиси оқибатҳои вазнин мегардад.

Барои пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ кӯдакон ва калонсолон бояд як қатор қоидаҳои оддиро қатъиян риоя кунанд. Масалан, пас аз 1,5 — 2 соати истеъмоли ғизо шино кардан мумкин аст, оббозӣ кардан дар оби кушод дар ҳарорати оби аз +15 дараҷа паст тавсия дода намешавад, зеро аз зарбаи оби хунук аз ҳушравӣ ё марг имконпазир аст. Аксар вақт дар ҳолати аз ҳад зиёд гарм будани бадан пеш аз шиноварӣ якбора ба оби хунук даромадан ба ҳолати беҳушӣ оварда мерасонад.

Дар ҷойҳое, ки алафҳо ва лойҳо мавҷуданд, набояд шино кард.

Дар ҳолати мастӣ ба об даромадан ва оббозӣ кардан, дар болои матрасҳои резинӣ, бозичаҳои пуфшаванда шино намудан қатъиян манъ аст. Воситаҳои дастисоз ҳатто барои оббозони моҳир хеле хатарнок мебошад. Илова бар ин, ҳатто шамоли суст метавонад онҳоро аз соҳил дур кунад.

Дар ҳолате, ки ногаҳон дохили оби маҷрояш тез шудед, ба муқобили мавҷ ҳаракат накунед, зеро қувват сарф мешавад: дар ин ҳолат аз ҳама беҳтараш бо ҷараёни об шино намуда, тадриҷан ба соҳил бароед. Ҳеҷ гоҳ кӯдаконро бе назорат нагузоред.

Дар давраи гармо, тавре ки дар зимистон масунияти бадан заиф мешавад, организм ба дастгирӣ ниёз дорад. Чунин тағирёбии ҳарорат боиси бемориҳои гуногун мегардад. Кондитсионерҳо моро аз гармӣ наҷот медиҳанд, зиндагии моро осонтар мекунанд, аммо бояд дар хотир дошт, ки тағирёбии ногаҳонии ҳарорат метавонад ба кори системаи дилу рагҳо таъсир расонад. Ғайр аз ин, доимо дар зери кондитсионер будан, эҳтимоли шамол хӯрдан ё мубталои дигар бемориҳо шуданро дорад. Барои пешгирӣ кардани ин, шумо бояд дар як рӯз як маротиба витамини C-ро истеъмол кунед, он масунияти баданро баланд мебардорад. Чой бо лимӯ, шарбати он бо пудина, афшураҳои табиӣ ё афлесун, компотҳои мевагӣ хеле фоиданоканд.

Бисёр нафарон дар ҳавои гарм бемадориро ҳис мекунанд, онҳо гӯиё худро маҷбур мекунанд, ки ҳаракат кунанд, ингуна ҳаво барои бештари одамон на танҳо нороҳат, балки хатарнок аст. Дар ин рўзҳо хатари зарбаи офтобӣ ва камобии организм аз ҳарвақта зиёдтар аст. Донистан ва риояи қоидаҳои рафтор дар ҳавои гарм муҳим мебошад.

Дар ҳавои гарм, махсусан кӯдакони хурдсол, пиронсолон, беморон, инчунин онҳое, ки вазни зиёдатӣ доранд ё дору мехӯранд, нигоҳубин кардан лозим аст. Дар рӯзҳои гарм либоси сабуку озоди аз матоъҳои табиӣ духташуда пўшидан, ҳатман кулоҳи сабук ба сар кардан ва бо худ об гирифтан лозим аст. Инчунин дар рӯзҳои гарм тавсия дода мешавад, ки бе зарурат, махсусан дар давраи фаъолнокии максималии офтоб, яъне аз соати 11 то 17 ба кӯча набароед.

Тавре табибон тасдиқ кардаанд, дар ҳавои гарм ғизоҳои равғанин, бирён ва ширинро аз анвои хӯрокҳо истисно кардан лозим аст. Рӯйхат бояд аз хӯрокҳои сабук, сабзавот, меваҳо, моҳии судак ё пухта, мурғ, шӯрбоҳо, аз қабили дӯғоб иборат бошад.

Шумо инчунин бояд қоидаҳои гигиенаи санитариро дар хотир дошта бошед, сабзавот ва меваҳоро бо оби равон тоза шуста бошед. Барои муҳофизат кардани пӯстатон аз таъсири зараровари офтоб ҳамеша аз малҳамҳои муҳофизатӣ истифода баред. Офтоб хеле зуд пигментатсияи пӯст, доғҳо ва хоришакҳоро ба вуҷуд меорад. Ҳангоми зери нури бевоситаи офтоб будан аз кўлоҳ ё чатр истифода бояд бурд. Агар дар гармо ногаҳон беҳолӣ, дилбеҳузурӣ, баланд шудани набзи дилро ҳис кунед, пас фавран ба ҷои салқин рафта нишинед, тугмаҳои либосатонро кушода, об нӯшед. Агар ин ҳолати ногувор дар давоми 5-7 дақиқа бартараф нашавад, пас фавран ёрии таъҷилиро даъват кунед.

ДУШАНБЕ, 05.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Давоми рӯзҳои истироҳатии ҳафтаи гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ 4 ҳодисаи фоҷиабор ба қайд гирифта шуд. 4 нафар кӯдак ҳангоми оббозӣ ғарқ гардид, ки хурдсолтаринашон ҳамагӣ 7- сола будааст, иттилоъ медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамаи кӯдакон дар назди обанборҳо бе назорати калонсолон ба оббозӣ машғул будаанд.

3 июн, тахминан соати 13:00, сокинони 11 ва 12-солаи ноҳияи Восеъ бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, ҳангоми оббозӣ дар ҷои мамнуъ – канали деҳаи Ҳулбук ғарқ шуданд. Наҷотдиҳандагони Хадамоти ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Кӯлоб тавонистанд ҷасади кӯдаконро танҳо баъд аз 4 июн пайдо карда, ба наздиконашон супоранд.

«Ҳодисаи дуюм дар ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст. 3 июн, тахминан соати 14:20 духтари 7-солаи деҳаи Навбунёди Ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ барои наҷот додани бародари 5-солааш ба канал даромада, дар натиҷа ба қубури ҳаҷмаш 1,5 метри мукааб афтода, ғарқ шудааст. Писарбачаро сокинони маҳаллӣ наҷот доданд, аммо духтарро наҷот дода натавонистанд.

«Наҷотдиҳандагон пас аз кофтукоби дурӯза ҷасади духтарро пайдо карда, ба наздиконаш супурданд», — иттилоъ доданд дар кумита.

Фоҷиаи сеюм дар ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ ба амал омад. 4 июн, тахминан соати 10:00 сокини 12-солаи деҳаи Нури Вахши Ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, ки ба чаронидани чорво дар назди дарёи Вахш машғул будааст, дар дарё шино карда, ғарқ шудааст. Ҷасади наврасро ҷустуҷӯ мекунанд.

Аз аввали сол то имрӯз 47 нафар дар обанборҳои мамлакат ғарқ шудаанд, ки 26 нафарашон кӯдакону наврасони то 16-сола мебошанд.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз волидон хоҳиш мекунад, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд, дар назди обанборҳо ва дар об қоидаҳои рафтори бехатарро қатъиян риоя кунанд.