Перейти к содержимому
 

Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 марти соли 2023 ва қарори раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 14 марти соли 2023, Дар бораи баргузор намудани фестивали гулҳо «Сайри гули лола» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ фестивали ноҳиявии гулҳо «Сайри гули лола» гузаронида шуд. Дар асоси хулосаи комиссияи ноҳиявӣ наздик ба 15 адад боғу гулгаштҳо ва хиёбону кӯчаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки дар онҳо гули лола хуб нашъунамо дорад, ғолибиятро ба даст оварданд. Дар натиҷа ғолибон дар 3 зина ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардиданд.

Ҳамасола аз санаи 2-юм то 9- уми моҳи апрел бо ибтикори масъулини Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ва бо дастгирии Вазорати фарҳанги мамлакат дар сар то сари кишварамон Фестивали ҷумхуриявии  ҳафтаи китоби  кӯдакон ва наврасон  баргузор мегардад. Айни замон кормандони ин макони илму маърифат ба ин тадбири сатҳи баланд, омодагии ҷиддӣ дида, толорҳои  китобхонаро ҳаматарафа ороиш доданд.  Фестивали ҷумҳуриявии ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон санаи 15-уми апрел ҷамъбаст мегардад.

ДУШАНБЕ, 27.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 22 асар аз эҷодиёти рассомони машҳури Тоҷикистон дар намоише, ки  дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» ба ифтихори Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 таҳти унвони «Тасвири пиряхҳо ва обҳо дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид, ба маърази тамошо гузошта шуд.

Сардори шуъбаи экскурсионӣ-оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар намоиш аз хазинаи Осорхонаи миллӣ 22 асар аз  эҷодиёти рассомони машҳури Тоҷикистон, ба мисли Х. Хушвахтов, Ю. Ҳабибулоев, В.Боборикин, З. Довудов, И.Волинский, Б.Раҳимов, Ю.Сангов, А. Ҳайдаров, Ю. Талдигин, Р. Богдасаров, Я. Мамадкулов,  ва Б. Одинаев ба намоиш гузошта шудааст.

Дар офаридаҳои мусаввирони Точикистон, ки солҳои гуногун эҷод шудаанд, манзараҳои зебои табиати диёр: пиряхҳо, дарёҳо, кӯлҳо ва чашмасорон тасвир ёфта, сарзамини моро ҳамчун диёри сарчашмаҳои обҳои муссафо муаррифӣ менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-ум қатънома оид ба эълон намудани соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул гардид. Дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтанд, ки тибқи он 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, дар назди Созмони Милали Муттаҳид Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд.

Соли 2025 дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад. Ҳамчунин 22 декабри соли 2016 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи эълони Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор (барои солҳои 2018-2028)» бо ҷонибдории 177 давлати аъзои созмон қабул намуда буд.

Тоҷикистон сарзамини аз ҷиҳати об бой буда, беш аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбад. Заминаи обҳои Тоҷикистон 13000 пирях, 1300 кӯл ва қариб 1000 дарё мебошад, ки оби онҳо аз лиҳози сифат ҳамчун оби нӯшокӣ истифода мешавад.

Намоиши «Тасвири пиряхҳо ва обҳо дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» дар Осорхонаи миллӣ то 4 апрел идома меёбад.