Перейти к содержимому
 

Мулоқот бо Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Канда

4 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд.

Сарвари давлат Масато Кандаро ба муносибати интихоб шуданаш ба мансаби Президенти Бонк табрик гуфта, ташрифи нахустини мавсуфро ба Тоҷикистон нишонаи таваҷҷуҳи махсуси ин ниҳоди молиявӣ ба таҳкими ҳамкории дарозмуддати ҷонибҳо арзёбӣ намуданд.

Дар ҷараёни суҳбат ба сатҳи кунунии ҳамкорӣ ва саҳми Бонк дар татбиқи ҳадафҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд. Таъкид гардид, ки Бонки Осиёии Рушд яке аз шарикони асосии кишвари мо ба шумор рафта, давоми солҳои ҳамкорӣ барои татбиқи зиёда аз 200 лоиҳа ба маблағи умумии 2,9 миллиард доллар саҳм гузоштааст.

Ҷонибҳо аз қабули Стратегияи нави шарикии Бонк ва Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 изҳори қаноатмандӣ намуданд. Таъкид шуд, ки самтҳои асосии он, аз ҷумла рушди энергетика, нақлиёт, рақамикунонӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва таҳкими бахшҳои иҷтимоию хусусӣ, ба ҳадафҳои миллии Тоҷикистон комилан тавъам мебошанд.

Ба раванди татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Сарвари давлат барои дастгирии буҷети давлатӣ ва пешбурди ташаббусҳо дар самти ташаккули иқтисоди «сабз» ба Бонк изҳори сипос карданд.

Ҳамчунин, дурнамои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, муқовимат ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин замина ҷалби маблағгузории иловагӣ ва идомаи ислоҳоти сохторӣ барои рушди сармояи инсонӣ ва таъмини амнияти экологии минтақа зарур дониста шуд.

Ҷонибҳо омодагии худро ба таҳкими ҳамкории дарозмуддати судманд таъкид намуда, изҳори итминон карданд, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯза ба рушди минбаъдаи шарикии стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд мусоидати муассир хоҳад кард.