Перейти к содержимому
 

ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛИ КӮДАКОНА. Дар Тоҷикистон соли 2024 беш аз 75 000 кӯдакону наврасон ба футбол ҷалб карда шуданд.

ДУШАНБЕ, 19.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 19 июн Рӯзи ҷаҳонии футболи кӯдакона эълон шудааст. Ин сана соли 2001 ба шарофати созишномаи байни ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид таъсис дода шудааст. Ҳадафи ин рӯз дарёфти кӯдакони лаёқатманд ва ҳавасманд намудани онҳо дар ин риштаи варзиш мебошад.

Тавре дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар мамлакат барои ҳавасмандсозии кӯдакону наврасон ба ин намуди варзиш чораҷӯйӣ шуда, танҳо дар яке аз лоиҳаҳои «Футбол ба назди шумо меояд» соли гузашта зиёда аз 35 ҳазор нафар бачагон аз тамоми ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Дар маҷмӯъ, дар соли 2024 беш аз 75 000 кӯдакону наврасони аз 6 то 18 — сола ба футбол ҷалб карда шуданд, ки ин шумора соли 2023 55 000 нафар буд. Имсол бошад, аллакай беш аз 40 ҳазор нафар кӯдакон ба футбол ҷалб карда шудаанд.

Бо дастгирии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз футболи кӯдакона дар мамлакат бо суръати баланд рушд мекунад. Дар ин маврид бояд муваффақиятҳои дастаҳои яккачини ҷавонон ва наврасони тоҷикро ёдовар шуд. Аз ҷумла, чанде қабл дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол ғолиб гардид.

Тавре ҳамагон огоҳӣ доранд, моҳи майи соли 2024 бо ташаббуси президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), раиси Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ 25 май аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон карда шуд. Соли равон Рӯзи ҷаҳонии футбол дар аксар давлатҳои дунё, аз ҷумла Тоҷикистон бо шукуҳи хосса таҷлил гардид.

Футбол яке аз намудҳои рушдёфтаи соҳаи варзиш дар қаламрави Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар байни аҳолӣ нисбат ба дигар намудҳои варзиш маҳбубияти зиёд дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳо барои рушди ин намуди варзиш тамоми имкониятҳоро амалӣ менамояд. Далели ин бунёд гардидани майдонҳо ва майдончаҳои футбол дар шаҳру ноҳияҳо, махсусан дар деҳоти дурдаст мебошад, ки ҳадафи он тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ба варзиш ҷалб намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа мебошад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2021 аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон «Барномаи махсуси президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024», инчунин нақшаи амалисозӣ ва ҳайати кумитаи тадорукотии амалисозии Барнома тасдиқ шуд.

Ҳадафҳои асосӣ аз амалишавии Барнома тақвият бахшидан ба пешрафти бозии футбол дар деҳот, баргузор намудани мусобиқаҳои мухталиф байни дастаҳои футболи деҳот, бозсозӣ ва беҳтар гардонидани сифати майдонҳои футболбозӣ дар деҳот, ҷалби шумораи бештари аҳолӣ ба бозии футбол ва тавассути бозии футбол дар рӯҳияи ватанпарварӣ тарбият намудани наврасону ҷавонон дар деҳоти мамлакат мебошад.

Хотиррасон мешавем, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар саросари мамлакат беш аз 7500 майдону майдончаҳои варзиш танҳо барои бозии футбол сохта, ба истифода дода шудаанд. Дар як соли охир дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 101 майдончаи замонавии футбол мавриди истифода қарор дода шуд.

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 14 апрели соли 2022 «Барномаи рушди футбол дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2022 – 2026» тасдиқ гардид. Дар пойтахти мамлакат –шаҳри Душанбе дар панҷ соли охир тавассути татбиқи барномаҳои рушди варзиш беш аз 300 майдончаи варзиш бунёд гардида, шумораи умумии онҳо ба 500 расид.

Бо дарназардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон дар баробари дигар бахшҳои ҳаётан муҳим барои бунёду навсозии инфрасохтори варзиш тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда истодааст.