ДУШАНБЕ, 13.02.2026. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки аз 1 март то 31 майи соли равон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» -ро амалӣ намояд. Ҳамчунин дар «Боғи Куруши Кабир»-и пойтахт намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.
Агар давлатро аз як ҷиҳат аз рӯйи муқаддасоташ: Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ шиносанд, аз тарафи дигар аз рӯйи либос ва фарҳангаш мешиносанд. Ҳадаф аз роҳандозии иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» тарғиб ва муаррифии шоистаи либоси миллӣ, ки як ҷузъи муҳими фарҳанг маҳсуб мешавад, мебошад.
Либоси миллӣ ёдгоре аз аҷдодонамон аст, ки дар тули қарнҳо шинаму зебандагиашро гум накардааст. Бо истифода аз матоъҳои нафис, гӯлдузии зебо ва нақшҳои анъанавӣ, либоси миллӣ на танҳо зебоии зоҳириро намоиш медиҳад, балки ҳувият ва таърихи бою фарҳанги тоҷиконро низ инъикос мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста хотиррасон менамоянд, ки ба либоси миллӣ, ки онро дар шебу фарози таърих гузаштагонамон ба мо мерос гузоштаанд, эҳтиром гузорем. Тавре Сарвари давлат таъкид намуданд: «моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳарчи зудтар хотима бахшида, сару либосҳои миллии бонувонро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар байни занону духтарон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем».
Бояд ёдовар шуд, ки намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ чанд соли охир аст, ки дар «Боғи Куруши Кабир» баргузор мешавад. Дар он ҳунармандон аз тамоми гӯшаю канори мамлакат ҷамъ омада, ҳунари волояшонро ба сокинону меҳмонони пойтахт пешниҳод менамоянд.
Бояд гуфт, ки ҳунарҳои мардумӣ аз қадимулайём дар байни халқи мо инкишоф ёфта, оммавӣ гаштааст. Хушбахтона, имрӯз барои ҳунармандон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияту шароити зиёде фароҳам оварда шудааст.








