Перейти к содержимому
 

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли қуттиҳои картонии Қоғази тоҷик дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Кансойи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд.

Иншоот марҳилаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Қуттии тоҷик” буда, бо ҳадафи татбиқи саноаткунунии босуръати кишвар аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорон бунёд шудааст.

Марҳилаи нави корхона иқтидори истеҳсолӣ, номгӯи маҳсулот ва ҷойҳои нави кориро афзун намуд.

Тавоноии лоиҳавӣ дар корхонаи қаблӣ коркарди 5 тонна маҳсулот ва истеҳсоли 8 ҳазор қуттиро дар як шабонарӯз ташкил медиҳад. Хатҳои нави технологӣ дар марҳилаи дуюм бо коркарди 10 тонна маҳсулот истеҳсолотро ба зиёда аз 20 ҳазор дона баробар намуд.

Нишондоди лоиҳавӣ дар ҳарду марҳилаи корхона ба коркарди 15 тонна маҳсулот ва истеҳсоли наздик ба 30 ҳазор қуттиҳои картонӣ баробар гардид.

Шумораи кормандон аз 80 кас қаблӣ ба 130 кас расонида шуд. Маҳсулот дар шаклу ҳаҷми гуногун дар асоси фармоиши мизоҷон бо пешниҳоди дилхоҳи дизайн ва ҷавобгӯи талабот истеҳсол мешавад. 70 дарсади ашёи хом дохилӣ буда, воридот 30 дарсадро ташкил медиҳад.

Корхонаи “Қуттии тоҷик” ҳоло бо зиёда аз 20 ширкати ватанӣ шартномаи корӣ бастааст ва талабот ба ин навъи маҳсулот дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Гузариш аз 8 марҳилаи коркард ба мутобиқати маҳсулот ба стандартҳои дохилу хориҷ мусоидат мекунад.

Зимни шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раванди истеҳсолот иттилоъ дода шуд, ки корхона пас аз қонеъ намудани талаботи бозори дохилӣ маҳсулотро ба хориҷи кишвар ҳам содир менамояд.

Дар соли 2025 корхона ба маблағи беш аз 2 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ба хориҷи кишвар маҳсулот содир намудааст. Ин нишондод дар заминаи фаъолияти марҳилаҳои 1 ва 2-и корхонаи “Қоғази тоҷик” афзоиш ёфта, ба мубодилаи молу маҳсулот низ такони нав бахшид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи чунин ҳадафҳоро дар устувор нигоҳ доштани иқтисоди миллӣ ва рушди дигар бахшҳои давлатдорӣ муассир арзёбӣ намуда, масъулонро ба афзун сохтани ҳаҷми истеҳсолот муваззаф карданд.