Перейти к содержимому
 

Дар шаҳри Бӯстон бо ҷавонони фаъол оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон вохӯрӣ доир шуд.

ДУШАНБЕ, 03.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бо омӯзгорон ва падару модарони шаҳри Бӯстон вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар доданд.

Таъкид гардид, ки замони муосир аз тамоми ҷомеа тақозо менамояд, ки эҳсоси ватандӯстиро тақвият бахшанд ва барои ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ кӯшиш намоянд. Зеро маҳз ватандӯстию арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ маҳаки асосии пойдории ҳар давлату миллат дар замони зудтағйирёбанда ба ҳисоб меравад.

Зимни суҳбат ҷавонон ба донишомӯзию хониши намунавӣ, забондонӣ, мутолиаи асарҳои бадеӣ, эҳтироми волидону устодон, садоқату муҳаббат ба халқу Ватан, дурӣ ҷустан аз ашхоси ҷиноятпеша ва амалҳои ғайриқонунӣ даъват карда шуданд.

Масъулини муассисаҳои таълимӣ вазифадор гардиданд, ки насли наврасро дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намоянд.

Иштирокчиён ҳолатҳои дохил гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, муноқишаҳои байнимактабӣ ва авбошии ноболиғонро маҳкум ва барои пешгирии онҳо табодули афкор намуданд.