Перейти к содержимому
 

Имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе Фестивали 2-юми байналмиллалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон  «Шукуфаҳои пойтахт» идома дорад. Маросими ифтитоҳи Фестивали байналмилалӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» баргузор гардид. Дар Фестивали мазкур ҳайатҳои эҷодии кӯдакону наврасон аз шаҳрҳои Москваи Федератсияи Россия, Тошкент ва Нукуси Ҷумҳурии Узбекистон, Алмаатои Қазоқистон, Ҳиндустон, наврасони соҳибистеъдоди Афғонистон, ВМКБ, Суғд, Хатлон, шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзодаи ҶТ ширкат меварзанд. Фестивали 2 байналмилалии эҷодиёти бадеии кудакон ва наврасон  «Шукуфаҳои пойтахт» то санаи 26 июн идома меёбад.

 Дар Истироҳатгоҳи «Файзи Истиқлол» ки дар ноҳияи  хушманзараи Варзоб ҷойгир аст, маросими ифтитоҳи басти аввали истироҳати кӯдакону наврасон баргузор гардид. Дар маросими кушодашавии истироҳатгоҳ кӯдакону наврасон бо парчами давлатӣ қадамзанон ба идгоҳ ҳозир шуданд. Тибқи маълумот дар басти 1-уми  Истироҳатгоҳи «Файзи Истиқлол» зиёда аз 360 нафар насли наврас аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба хусус аз вилояти Хатлон ва Мактаб-интернати ношунавоёни нохияи Рӯдакӣ ба истироҳату фароғат ҷалб гардидаанд, қи барои онҳо дар ин ҷо шароити мусоиди истироҳатӣ фароҳам оварда шудааст.

Бо ташабусси Вазорати маориф ва илми ҶТ дар толори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Олимпиадаи  ҷумҳуриявӣ миёни  донишҷӯёни Муассисаҳои олии касбии ҶТ доир шуд. Олимпиадаи мазкур таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст» сурат гирифта, он бахшида ба ҷашни  35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ роҳандозӣ гардидааст. Дар Олимпиадаи мазкур аз 37 Муассисаи  таҳсилоти олии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 427 нафар донишҷӯ иштирок дошта байни ҳам аз 14 фанни таълимӣ нерусанҷӣ менамоянд.

Субҳи 14-уми июн  кӯдакону наврасони  4 ноҳияи шаҳри Душанбе барои истироҳату фароғат ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ гусел карда шуданд. Хонандагони Муассисаҳои таълимии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Гулхан» гусел карда шуданд. Ёдовар мешавем, ки ба истироҳатгоҳи «Гулхан» 200 нафар дар як баст аз синни 7 то синни 13 сола ҷалб гардиданд. Ба иттилои масъулин ба ин истироҳатгоҳ ғолибони озмунҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳо, инчунин хонандагони фаъоли Муассисаҳо сафарбар карда шуданд.  Ҳамзамон аз Мактаб интернати №1- ум барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Душанбе 20 нафар  барои истироҳату фароғат ҷалб гардиданд. 

Дар қисми ҳарбии 45085-и Кумитаи Ҳолатҳои Фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ маросими савгандёдкунии наваскарони даъвати баҳорӣ доир гардид. Наваскарони қисми  ҳарбии 45085-и Кумитаи Ҳолатҳои Фавқулода тибқи низомномаи ҳарбӣ дар пайи сафороии расмӣ бо хондани Суруди миллӣ ба маросими савгандёдкунӣ ҳусни оғоз бахшиданд. Дар ин маросим ҷонишини Раиси Кумита, полковник Имомалӣ Иброҳимзода, намояндагони мақомоти маҳаллии давлатӣ, фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ, хешовандони сарбозон, як гурӯҳ ҷавонони синни даъват ва хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ ширкат намуданд. Маросими савгандёдкунии наваскарон дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати сартосарии Тоҷикистони азиз зери Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол идома ёфта, ҳар як сарбози навдаъватшуда бо ҳисси баланди миллӣ ва ифтихор аз ватандорӣ савганди ҳарбӣ ёд карданд.

Мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба ҷиу-ҷитсу дар Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои якҳарбаи шарқӣ  сурат гирифт. Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсуи бразилиягӣ бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзишӣ шаҳрӣ Душанбе дар ҳамкорӣ бо Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи ҷумҳурӣ  доир гардид. Дар натиҷа варзишгарон Мансур Сабуров, Аҳмадҷон Наримонов, Ҷаҳонгир Амиршоев, бародарон Муҳамадшофеъ ва Муҳаммадсолеҳ Баротовҳо, Ҷаҳонгир Имиршоев, Фирӯз Музаффарзода, Юсуф Давлатов дар вазнҳои худ ғалаба карданд. Акнун варзишгарони Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуро дар пеш мусобиқаи ҷаҳонӣ мунтазир аст. Чемпионати ҷаҳон дар ИМА моҳи октябр баргузор мегардад.

Имрӯзҳо дар минтақаҳои мухталифи кишварамон корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дорад. Аз ҷумла, чунин корҳои сохтмонӣ ва бунёдкорӣ дар иншооти иловагии Муассисаи таълимии № 48-уми ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои 640 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст, дар сатҳи зарурӣ ҷараён дорад. Бояд қайд намуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур  аз моҳи июли соли 2021 оғоз ёфт. Бинои иловагии таълимгоҳ аз 31 синфхона аз ҷумла, 4 синфхонаи технологияи меҳнат барои писарон ва духтарон, 1 синфхонаи мусиқӣ, 1 синфхонаи технологияи иттилоотӣ, 1 синфхонаи лингафонӣ, озмоишгоҳҳо барои фанҳои физика, химия, 4 синфхонаи забони хориҷӣ, синфхонаҳои фанҳои биология ва тайёрии ибтидоии ҳарбӣ, 5 синфхонаи умумӣ ва 11 синфхонаи ибтидоӣ, иборат мебошад.

Дар асоси мувофиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон ба даст омаданд, ҳаракати қатораҳои мусофиркашонӣ дар хатсайри роҳи оҳани Душанбе-Самарқанд-Тошканд-Душанбе аз 20-уми июни соли 2022 оғоз мегардад.

Мусофирон метавонанд барои сафар таввасути қатора дар масири Душанбе-Самарқанд-Тошканд-Душанбе аз хазинаҳои фурӯши чиптаҳои Роҳи оҳани Тоҷикистон чиптаҳоро харидорӣ намоянд.

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид. Дар доираи барномаи мазкур кӯдакон бо шакли зиндаи одамони «Асри санг», «Маликаи Саразм», «Кентавр» аз наздик шинос шуда, инчунин дар озмунҳои саволу ҷавобҳо, қироати шеър дар васфи Ватан-Модар ва чистонҳо иштирок намуданд. Ҳамзамон ба ғолибон шириниҳо туҳфа карда шуд. Дар ин рӯз кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон ширкатдоронро бо толорҳои Осорхона  шинос намуда, тамошои экскурсионӣ доир карданд.

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Душанбе, дар Муассисаи давлатии маркази кӯдакон ва наврасони пойтахт маросими рӯнамоии маҷмуаи шеърҳо ва ҳикояҳои эҷоднамудаи иштирокчиёни Форуми 1 навқаламон ва эҷодкорони навраси шаҳри Душанбе таҳти унвони «Килки сабз» сурат гирифт. Маҷмӯаи шеъру ҳикояҳои иштирокчиёни Форуми якуми навқаламон ва эҷодкорони навраси пойтахт дар фурсати  кӯтоҳ бо теъдоди 500 нусха бо сифати баланд дар нашриёти «Адиб» интишор гардидааст. Дар ин маҷмуа  маҳсули тахаюли бадеии эҷодкорони навқалам гирд оварда шудааст.