Дар шаҳри Белгради кишвари Сербия чемпионати ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта доир гардид. Дар натиҷа ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон муяссар шуд,то ба гирифтани 4 медали тилло, 2 нишони нуқра ва шаш ҷоизаи биринҷӣ мушарраф гардад. Аз ҷумла,Манижа Самадова, Отабек Раҷабов унвони қаҳрамониро ба даст оварданд. Ба иқрори масъулин иштироки муҳорибачиёни тоҷик дар муқоиса ба соли гузашта дар чемпионати ҷаҳон беҳтар буд. Зеро соли қаблӣ варзишгарони мо соҳиби 7 медали гуногун гашта буданд. Имсол шумораи медалҳо ба 20 адад расид, ки аз он 4-тоаш медали тилло аст.
Раздел: Хабарҳо
Идомаи баргузории даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон-оинаи таърихи миллат» дар муассисаҳои таълимӣ.
Даври якуми озмун дар Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бо омодагии ҷиддии хонандагон ба таври шаффоф доир гардид.Дар ин давр беҳтарин хонандагон аз синфҳои 5 то 11, дар умум 58 нафар ширкат намуданд. Тибқи маълумот аз байни довталабон танҳо 22 нафар беҳтаринҳо ба даври ноҳиявӣ роҳхат мегиранд.
Таҷлили рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ.
Ҳамасола дар Муассисаҳои таълимиву томактабии шаҳру навоҳии мамлакат бахшида ба рӯзи Артиши миллии ҶТ чорабиниҳои бошукуҳ гузаронида мешавад. Бо ин мақсад дар саҳни таълимгоҳи №23 -юми ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба муносибати 30 солагии рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ чорабинии идона бо иштироки намояндагони Ҳукумати ноҳия баргузор гардид. Зимни баромад қайд гардид, ки Қувваҳои мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардум ба ҳисоб меравад. Барномаи фарҳангии хонандагон ба маҳфил ҳусни тоза бахшид.
Чорабиниҳои фарҳангӣ- фароғатӣ ба ифтихори рўзи таъсисёбии Артиши миллӣ.
Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахт бахшида ба рўзи таъсисёбии Артиши миллӣ чорабиниҳои фарҳангӣ ва барномаҳои тарбияи ҳарбӣ-ватандўстӣ баргузор гардид. Чорабиниҳои фарҳангӣ бо ташаббуси Вазорати мудофиаи ҶТ роҳандозӣ шуд. Дар тадбири мазкур афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии сохторҳои ҳарбӣ, ҷавонону сокинони пойтахт иштирок намуданд. Дар навбати хеш аҳли санъат тавонистанд, бо суруду таронаҳои Ватандўстона табъи ҳозиринро болида намоянд.
Оғози даври минтақавии олимпиадаи фаннӣ дар ш. Ҳисор.
Дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Ҳисор даври сеюми олимпиадаи фаннӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ байни хонандагони синфҳои 9 ва 10-и Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар даври минтақавии олимпиадаи мазкур 998 нафар хонанда, аз тамоми қаламрави кишвар ширкат варзиданд. Ёдовар мешавем, ки 512 нафар хонанда аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва 486 нафари дигар аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ сатҳи донишандӯзии хешро аз рӯи 13 фанни таълимӣ санҷиданд.
Роҳандозии озмуни «Беҳтарин донандаи луғат» дар муассисаҳои таълимӣ.
Бо ибтикори шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо мақсади муайян намудани сатҳи забондонии хонандагону омӯзгорони Муассисаҳои таълимӣ ва Литсейю Гимназияҳои ҳудуди ноҳияи номбаршуда, озмуни «Беҳтарин донандаи луғат» бо 3 забон - забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ роҳандозӣ гардид. Ин тадбири ақлонию зеҳнӣ дар толори таълимгоҳи рақами 10-уми ноҳияи мазкур доир гардида, дар он хонандагон аз синфҳои 5 то 11 ширкат варзиданд. Мавриди қайд аст, ки озмуни «Беҳтарин донандаи луғат» маротибаи аввал дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз рӯи китоби «Луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ», ки 400 луғату калимаҳои серистеъмоли ин забонҳоро дар бар гирифтааст гузаронида шуд.
Баргузории даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон-оинаи таърихи миллат» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Тӯли се рӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон-оинаи таърихи миллат» идома ёфт. Дар даври муассисавӣ донишҷӯёну омӯзгорон ва кормандон аз 19 факултаи Донишгоҳ ва сохторҳои мухталифи ин макони илму маърифат фаъолона иштирок намуданд. Тибқи маълумот дар ин сабқати зеҳнӣ зиёда аз 150 довталаб ширкат варзида, назди аъзои ҳакамон дониш ва маҳорати хешро нишон доданд.
Баргузории чорабиниҳои маърифатӣ миёни наврасон.
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб чорабинии маърифатӣ баргузор шуд. Дар ин тадбир омӯзгорону хонандагони синфҳои болоии Литсейи хусусии «Роҳнамо» -и ш. Душанбе,инчунин масъулини китобхона ва дӯстдорони каломи бадеъ иштирок намуданд. Иштирокдорон аз эҷодиёти гуногунҷабҳаи сардафтари адабиёти рус Александр Сергеевич Пушкин шеъру пандҳои пурҳикматро қироат карданд. Дар интиҳои чорабинӣ ба иштирокдорони фаъол сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.
Роҳандозии мулоқоту вохӯриҳои судманд миёни ҷавонон.
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи Тарбияи ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ омили пешгирии падидаҳои номатлуби кӯдакону наврасон баргузор гардид. Дар тадбири мазкур масъулини Вазорати маориф ва илми ҶТ, намояндагон аз ташкилотҳои мухталиф, ҳамзамон гирандагони стипендияи Президентӣ аз муассисаҳои таълимии пойтахт ҳузур доштанд. Дар чорабинӣ қайд гардид, ки ҶТ пешгирӣ ва мубориза бар зидди тероризм ва экстремизмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳониён зери таваҷҷуҳи махсус қарор дода, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт чораҳои заруриро меандешад.
Беҳтарин варзишгарон дар соли 2022 муайян гардиданд.
Дар кохи Парфенони ш.Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба варзишгарони беҳтарин дар соли 2022 баргузор гардид. Ҳамин тариқ паҳлавони номдори кишвар Темур Раҳимов, ки дар чемпионати Осиё оид ба гӯштини ҷудо сазовори ҷои дуюм гардид, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 40 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуд. Илова бар ин Темур Раҳимов беҳтарин варзишгар байни калонсолон дар соли 2022 эътироф гашт. Ҳамчунин гӯштингирон Шодмон Ризоев, Эмомалӣ Нуралӣ, Сомон Маҳмадбеков, Асламҷон Азизов, Муҳаммадамин Абдуллоев, боксчиён Баҳодур Усмонов, Акбаралӣ Абдураҳмонзода, Шаҳбоз Ҳаитов, Сумая Қосимова, таэквондочӣ Моҳрӯ Ҳалимова бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.