Раздел: Хабарҳо
Нишасти матбуотии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур.
Соли 2024 сафи довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 860 нафар зиёд гардид.

ДУШАНБЕ, 30.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 473 довталаб иштирок намуда, 118 нафар бо ҷоизаҳо сарфароз гардиданд. Аз ҷумла, аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 6 нафар, вилояти Хатлон 16 нафар, вилояти Суғд 32 нафар, шаҳри Душанбе 56 нафар (5 Шоҳҷоиза) ва аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 8 нафар довталабон ғолиби озмун шуданд. Дар ин сол дар даври якуми озмун 5 302 нафар довталаб иштирок намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 860 нафар зиёд аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сафи довталабони ин озмун сол ба сол меафзояд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
ИдомаНишасти матбуотии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
«ДАРВОЗАИ НАВРӮЗ АСТ ҶАШНИ САДАИ МЕҲАН». Дар шаҳри Панҷакент ҷашни Садаро бошукуҳ таҷлил намуданд.

ДУШАНБЕ, 29.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар мавзеи Қаволаи шаҳри Панҷакент ҷашни Сада бо иштироки доираи васеи кишоварзон, кормандони ташкилоту муассисаҳо, намоиши дастранҷи деҳқонон, техникаи кишоварзӣ, маҳсулоти ҳунармандон, рақсу суруд, барафрӯхтани оташ, ки рамзи ин иди бостонӣ аст, таҷлил гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент иттилоъ медиҳад.
Идома«САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ…». Ҷашни Сада бояд дар шаб баргузор шавад.

ДУШАНБЕ, 29.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Таърихи нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он оташ аст ва дар гузаштаҳо ҳамеша шаб баргузор мешуд, хеле қадимӣ буда, ба давраҳои пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад. Доир ба арзи ҳастӣ намудани он аввалин ахбор дар фарҳанги гуфторӣ (шифоҳӣ) ва ҳам хаттӣ дар устураҳои мансух ишора рафта, тавассути ин ду сарчашма ба мо расидааст. Хеле муҳим аст, ки боварҳо ва нишонаҳои эътиқод ба Хуршеду оташ, ки сабабгори аслии ба вуҷуд омадани ҷашни Сада мебошанд, то имрӯз дар байни мардумони гуногуни олам дида мешаванд.
Идома