
ДУШАНБЕ, 16.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр барои мардуми тоҷик санаи пурифтихор ва таърихӣ аст, зеро шаш сол муқаддам- 16 ноябри соли 2018 дар маросими тантанавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чархаи нахустини Неругоҳи барқи обии /НБО/ «Роғун»-ро, ки ояндаи рушду пешрафти Тоҷикистон ба он сахт иртибот дорад, ба кор дароварда, ба фаъолияти ин иншооти бузурги аср оғоз бахшиданд. Бо ин неруи барқи истеҳсолгардида ба низоми ягонаи энергетикии Тоҷикистон интиқол дода шуд.
Идома










