Перейти к содержимому
 

Дар маросими қадршиносии даври ноҳиявии озмуни ҷумхуриявииФурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» намояндагон аз Ҳукумати ноҳияи Синои пойтахт ва ғолибони даври ноҳиявии озмуни номбурда ширкат намуданд. Нахуст масъулин суханронӣ намуда, аҳли нишаст ва ғолибонро табрику шодбош гуфта барояшон дар даврҳои оянда муваффақиятҳои беназирро таманно намуданд. Ҳамин тавр дар номинатсияи адабиёти муосир ҷои аввал насиби Мадина Назарова гардид. Дар номинатсияи хондан ва аз бар кардани  адабиёти классик Мустафо Толибзода ва аз адабиёти ҷаҳон Оиша Асророва ба гирифтани ҷойҳои якум ноил гардиданд. Дар номинатсияи эҷод дар бахши назм Сановбар Ибодова ва дар бахши наср Робия Ҳакимова сазовори ҷои аввал шуданд.

Саломати неъмати олии ҷудонопазири инсон буда, хусусан ба воя расонидани насли солим дар пешравии давлат нақши муҳим дорад зеро яке аз омилҳои ҳифзи саломатии кӯдак ин беҳтар намудани ғизои кӯдакон ва тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад тақсимоти ғилофаки витамини «А» дар Кӯдакистон №12-уми ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аз тарафи  Маркази саломатии №13-уми шаҳри Душанбе ба кӯдакони аз синни 1 то 5 сола  гузаронида шуд.Ба иттилои масъулин тақсимоти  витамини «А» аз 1 июн шуруъ шуда то 10 июни  соли ҷорӣ дар 33 минтақаи кишвар  идома меёбад. Тибқи иттилои Созмони  умумиҷаҳонии тандурустӣ  аз сабаби норасоии витамини «А» дар ҷаҳон аз 250 то 500 ҳазор кӯдак биноияшонро аз даст медиҳанд. Витамини «А» дар як сол ба кӯдакон ду маротиба гузаронида мешавад.