«Консерт» - Лаҳзаи хубу бофароғат зери садои суруду мусиқӣ.
Автор: ТВБ
Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон.
8 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳамоиши якуми сарони давлатҳои Муколамаи “Осиёи Марказӣ ва Ҷопон” ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд.
ИдомаДу варзишгари дигар Виктор Рассадин ва Мунира Абдусаломова рӯзҳои наздик Тоҷикистонро дар Бозиҳои Олимпии Париж-2024 муаррифӣ мекунанд.
Ду варзишгари дигар Виктор Рассадин ва Мунира Абдусаломова рӯзҳои наздик Тоҷикистонро дар Бозиҳои Олимпии Париж-2024 муаррифӣ мекунанд.
Ба онҳо барор мехоҳем!
Еще двое спортсменов Виктор Рассадин и Мунира Абдусаломова в ближайшие дни будут представлять Таджикистан на Олимпийских играх 2024 года в Париже.
Пожелаем им удачи!
Two more athletes, Viktor Rassadin and Munira Abdusalomovа, will represent Tajikistan at the 2024 Olympic Games in Paris in the coming days.
Let's wish them good luck!
Нишасти матбуотии филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2024.
Дар соли таҳсили 2023/2024 ҷихати ҷалби довталабон усули нави фаъолияти рохнамоии касбӣ ба роҳ монда шуд, ки дар натиҷаи он хонандагони синфҳои болоӣ ба донишгоҳ ташриф оварда, бевосита дар дарсҳои устодон ширкат варзиданд. Бо истифода аз усули мазкур хонандагон имкон пайдо карданд, ки шахсан дар дарсҳои лексионӣ ва семинарии омӯзгорони баландихтисос иштирок намоянд ва дар бораи хусусиятҳои ташкили раванди таълим дар Филиал таассурот пайдо намоянд. Дар давраи комиссияи қабули соли 2024 дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1761 интихоби довталабон ба қайд гирифта шуд. Теъдоди донишҷӯёни Филиал ба санаи 30 инои соли 2024 433 нафарро ташкил дод, ки аз он 297 (69%) донишҷӯ дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва 136 (31%) донишҷӯ дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил менамоянд. Дар нимсолаи аввали соли 2024 аз сафи донишҷӯён 14 нафар донишҷӯ хориҷ карда шуд, ки аз он 4 нафар донишҷӯи факултети илмҳои табиӣ ва 10 нафар донишҷӯи факултети гуманитарӣ мебошад Дар Филиал раванди таълим аз ҷониби омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ ба роҳ монда шуд. Дар соли таҳсили 2023/2024 барои таъмини раванди таълими барномаҳои таълимӣ 134 корманди илмӣ-педагогии Донишгохи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов ҷалб карда шуданд, ки аз онхо 22 профессор, 57 дотсент, 8 муаллими калон, 11 ассистент ва З6 корманди дигар буданд. Аз ин шумора 31 нафар омӯзгорон доктори илм ва 91 нафар номзади илм мебошанд, яъне 91 % дорои дараҷаи илмӣ мебошанд. Аз шумораи умумии ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов 54 нафар ба Филиал фиристода шуданд (аз онхо 16 доктор ва 35 номзади илм), ки дарсҳоро дар шакли ҳузурӣ гузарониданд. Дар давраи ҳисоботӣ ҳайати профессорону омӯзгорони Филиал 3 монография, 5 китоби дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ, 3 патент ва 98 мақола дар маҷаллаҳои даврӣ ва маводи конференсия нашр намуданд. Роҳбарияти Филиал барои дастовардҳои донишҷӯёну хонандагон дар олимпиада, озмун ва чемпионатҳо аз 300 то 5000 сомонӣ ва барои роҳбарони онҳо аз 150 то 2500 сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар кардааст. Дар давраи ҳисоботӣ дар Филиал 16 чорабинии илмӣ, аз ҷумла 6 конференсияи байналмилалӣ, 7 семенари илмӣ ва 3 мизи гирд гузаронида шуд. Дар давраи ҳисоботӣ ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён 114 сафар ба Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҳиндустон ва Кения анҷом доданд. Мақсади асосии сафарҳои хизматии мазкур иштирок дар чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ мебошад.
БОЗИҲОИ ТОБИСТОНАИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Мунира Абдусаломова бо Алтея Лорен рақобат мекунад.
ДУШАНБЕ, 07.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 август, соати 12:00 варзишгардухтари тоҷик Мунира Абдусаломова дар вазни то +67 кг дар даври аввали Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 аз намуди таэквондо бо намояндаи Фаронса Алтея Лорен рақобат мекунад. Дар ин хусус муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Ёдовар мешавем, ки Алтея Лорен дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио -2020 ба гирифтани медали биринҷӣ ноил шуда буд.
Ба Мунира Абдусаломова дар ин рақобати мушкил муваффақият таманно дорем.
«Таҷриба»
«Ширинак»
БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Муштзани тоҷик Давлат Болтаев дар риштаи бокс соҳиби медали биринҷӣ шуд.

ДУШАНБЕ, 04.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муштзани тоҷик Давлат Болтаев дар вазни то 92 кг дар даври нимниҳоии Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 дар риштаи бокс шикаст хӯрд ва соҳиби медали биринҷӣ шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Идома