Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 22.03.2025./АМИТ «Ховар»/. Наврӯз бо ҳама ҳусни табиию заминиаш намунаи фарҳангу тамаддуни олӣ ба ҳисоб рафта, аз давраҳои дерин барои муҳаббату самимият ва ҳамдигарфаҳмию ваҳдати байни инсонҳо заминаи беҳтарини маънавӣ фароҳам овардааст. Яке аз рамзҳо ва шириние, ки ҷараёни омодасозии он шумораи зиёди мардумро ҷамъ намуда, хурсандию нишоти ҳамагонӣ ба вуҷуд меорад, ин маросими суманакпазӣ мебошад. Дар ҷараёни он пиру барно иштирок намуда, бо хондани сурудҳои наврӯзӣ ва рақсу бозӣ ба базм шукуҳу шаҳомати хосса мебахшанд.

Идома

ДУШАНБЕ, 20.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Берингени минтақаи Фландрия бо ташаббуси ҷамъияти тоҷикони Белгия  «Диёр» ва ҳамкории ҷамъиятҳои фарҳангии дигар шоми суманак ҳамчун рамзи баҳору Наврӯз бо шукуҳу шаҳомат баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия хабар медиҳад.

Идома

Ҳамватанони азиз!

Фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалиро ба ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз самимона табрик мегӯям.

Идома

ДУШАНБЕ, 19.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти двалатии шаҳри Душанбе Форуми IV байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Идома

ДУШАНБЕ, 19.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 18 март дар майдони 800-солагии Москва бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур хабар доданд.

Идома

ДУШАНБЕ, 19.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 20 март ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мегарданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.

Идома

ДУШАНБЕ, 19.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар Тоҷикистон Наврӯз 20 март, соати 14:01:25 бо вақти Душанбе фаро мерасад, ки дар ин лаҳза Офтоб аз нимкураи ҷанубӣ хати экватори оламро бурида, ба нимкураи шимолии осмон мегузарад. Астрономҳо ин мавқеъгирии Замину Офтобро нуқтаи эътидоли баҳорӣ (баробаршавии шабу рӯз) мегӯянд.

Идома