Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 13.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Al-Khwarazmi» сазовори 12 ҷой, аз ҷумла 1 медали тилло, 4 медали нуқра ва 7 медали биринҷӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо хабар доданд.

Идома

9 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба қасри Кремл ташриф оварданд.

Идома

8 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барои боздиди корӣ ба шаҳри Москва сафар карданд.

Идома

Ҳамватанони азиз!

Рафиқон генералҳо ва афсарону сарбозон!

Мо имрӯз 80-солагии ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонро бо ифтихор ва посдорӣ аз хотираи неки фарзандони Тоҷикистон ва корнамоиву қаҳрамониҳои онҳо дар мубориза бо фашизми гитлерӣ таҷлил менамоем.

Идома

Ҳамкасбони муҳтарам, кормандони соҳаҳои телевизион, радио ва алоқа!

Бо камоли эҳтиром ва меҳру самимият, шуморо ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2024, №2094,  7 май ҷашн гирифта мешавад, табрик гуфта, ба ҳар яки шумо тансиҳатии комил ва комёбиҳои навро орзу менамоям.

Идома