Мавсими нуҳумин лоиҳаи бошукуҳи футбол барои кӯдакон таҳти унвони «Футбол ба назди шумо меояд» миёни дастаҳои деҳаю маҳаллаҳои ҳудуди пойтахт ба анҷом расид. Дар маросими ҷамъбастии лоиҳа, ки дар варзишгоҳи «Душанбе-Арена» доир шуд, роҳбарияти ФФТ ва лигаи футболи кӯдакону наврасони кишвар, сармураббии тими миллӣ Петр Сегрт ширкат намуданд. Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи «Футбол ба назди шумо меояд» дар ду марҳила дар се категорияи синну сол 7, 9 ва 11-сола сурат гирифта, 23000 кӯдакро ба футбол ҷалб намуд. Дар марҳилаи ниҳоии мусобиқот 16 даста дар ҳар як синну сол бо ҳам нерӯ санҷида пас аз ду моҳи рақобатҳо ғолибон муайян шуданд.
Автор: ТВБ
Бозгашти муваффақонаи хонандагони тоҷик аз олимпиадаи байналмилалӣ.
Аз 31-уми июл то 7-уми августи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи Брунели шаҳри Лондони Бритониёи Кабир Олимпиадаи байналмилалии «TeenEagle» аз фанни забони англисӣ доир гардид, ки дар он 76 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, сазовори 31 ҷойи ифтихорӣ: 3 медали тилло, 12 медали нуқра ва 16 медали биринҷӣ гардиданд. Аз ҷумла, медали тилло ва шоҳҷоизаи олимпиада насиби хонандаи мо Фирўза Абдуллоева гардид. Ёдовар мешавем, ки олимпиада аз рӯи 4 бахш ва 2 категорияи синнусолӣ «ИГЛЕТС» ( синфҳои 5-8 ) ва «ИГЛС» ( синфҳои 9-12 ) баргузор гардида, дар он зиёда аз 400 нафар хонанда аз 27 кишвари дунё иштирок намуд. Бозгашти хонандагони тоҷикро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, масъулин ва падару модарон самимона истиқбол гирифтанд.
«Дар вақти таътил»
«Дар вақти таътил» - Боздид аз истироҳатгоҳи «Ширкент».
«Беҳтар аз дӯст»
Муҳокимаи қиссаи «Ҷузвдон».
«Ангубин»
Қаҳрамони барнома Осияи донояк.
«Нӯшин»
Омода намудани сабади зебо аз тарбуз ва харбуза.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ш. Ҳисор.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» н. Шаҳринав.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ш. Турсунзода.
















