Дар иҷрои санъаткорони навраси ш. Исфара.
Автор: ТВБ
«Сафои саҳар»
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»
н. Тоҷикобод.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»
н. Файзобод.
«Хабар»
«Ҷасорат»
Қисми ҳарбии 02615.
«Ифтихор»
Қаҳрамонони навбатии барнома Эморхоҷа ва Фарида.
Машварати августии омӯзгорон.
Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 55-уми ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки омӯзгорони фанҳои гуманитарӣ - ҷамъиятӣ ва намояндагони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, инчунин кормандони маорифи ноҳияи Шоҳмансур тадбири омӯзишӣ - дастурдиҳӣ гузаронида шуд. Дар ин ҷамъомад бархе аз муовинони директорон оид ба тарбия дар мавзуи «Сабаб ва омилхои пастравии маънавиёти хонандагон» маърӯза намуда, роҳҳои пешгирии онро бо мисолу андешахои ҷолиб баён доштанд.
Оғози даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар ш. Душанбе.
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода даври 2-юми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид. Тибқи маълумот соли равон дар даври якуми озмун 3374 нафар довталабон иштирок намуданд, ки аз ин шумора 1323 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Аз теъдоди роҳхатгирифтагон тибқи раддабандии синнусолӣ, ки дар низомномаи озмун пешбинӣ шудааст, 742 нафарро аз 12 то 17-сола ва 581 нафарро аз 18 то 30-сола ташкил медиҳанд.
Таъминот бо китобҳои дарсӣ.
Дар соли равон маъмурият ва мудири китобхонаи таълимгоҳи №62 ш. Душанбе зиёда аз 900 адад китобҳои тозанашрро ба ин макон ворид намуда, тақсимоти онро ба хонандагон оғоз намудаанд. Айни ҳол, дар таълимгоҳ 1467 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда,аз ин шумора 164 нафарашро талабагони синфи 1-ум ташкил медиҳад. Таъминоти китоб ба хонандагон то санаи 1-уми сентябри соли равон идома меёбад.



















