Перейти к содержимому
 

Муассисаи томактабии рақами 30-и ш. Душанбе дар остонаи рӯзи «Дониш» мавриди баҳрабардорӣ қарор ёфт. Масоҳати умумии иншоот 3915 метри мураббаъро ташкил дода, бино дар масоҳати 1211 метри мураббаъ сохта шуда, аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Он барои 9 гуруҳ, ки 210 кӯдакро дар бар мегирад, пешбинӣ шудааст. Дар Муассисаи мазкур  таълиму тарбияи кӯдакон мутобиқ ба талаботи имрӯза ба роҳ монда шудааст. Зеро Муассиса аз толори варзишӣ, гимнастикаи бадеӣ, синфхонаҳои таълимӣ, аз ҷумла забони англисӣ, арифметикаи зеҳнӣ, толори мусиқӣ, машғулият, ҷойҳои хобу истироҳат ва ғайра иборат  мебошад.

Таълимгоҳи №48-уми ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе яке аз он муассисаҳое мебошад, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар бунёд гардидааст ва дар он дар баробари дигар синфхонаҳо, синфхонаи технологияи меҳнат низ фаъолият менамояд. Дар синфхонаи мазкур духтарон бо истифода аз мошинаҳои дарздӯзӣ ва дигар лавозимот ба ҳунаромӯзӣ ҷалб гардидаанд. Бояд гуфт, ки духтарон ҳафтае, як маротиба ба дарси технологияи меҳнат фаро гирифта шуда, бо ёрии омӯзгори ин фан ҳунарҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ, тоқидӯзӣ, гулдӯзию зардӯзӣ ва дигар ҳунарҳоро меомӯзанд.

Барои бе мушкилӣ паси сар намудани давраи  тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 маъмурият ва омӯзгорону кормандони хоҷагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 100-уми ноҳияи   Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз шароиту имкониятҳои мавҷуда пурсамар истифода  намуда, барои  дар ҳамаи ҳолат  таҳсилро идома додани насли наврас таълимгоҳро дар сатҳи зарурӣ таъмиру таҷдид карданд. Инчунин Муассиса бо хати маркази гармидиҳӣ пайваст буда, 38 синфхонаи муассиса  бо батареяҳо таъмин мебошанд. Дар таълимгоҳи номбурда, зиёда аз 1632 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 66-омӯзгори сохибтаҷриба дарс мегӯянд.

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши хонандагон дар таълимгоҳи №55-уми ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳафтаи дарсҳои намунавӣ гузаронида шуд.  Инчунин ҷиҳати хубтару беҳтар омӯзонидани фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ ин ҳафта дарсҳо дар сатҳи хуб ва бо омодагии ҷиддии омӯзгорони фаннӣ ҷараён гирифт. Аз ҷараёни дарси физика маълум гардид, ки хонандагон мавзӯи дарсро хуб дарк карда, ба саволҳои омӯзгори ин фан ҷавобхои мушаххас доданд. Мавзӯи дарси хонандагон «Сохти атом» буда, дар соати дарси намунавӣ хонандагон хеле фаъолона ширкат варзиданд. Ва доир ба паҳлӯҳои мухталифи сохти атом маълумоти саҳеҳ бардоштанд ва дар бобати  неругоҳҳои  атомӣ ва обӣ   ибрози назар намуданд. Гузаронидани чунин дарсҳо ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва  онҳоро ба омӯхтану донистани фанҳои табиию риёзӣ, дақиқ ва забономӯзӣ ҳамаҷониба равона менамояд. 

 Дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» бо иштироки теъдоди зиёди хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ва падару модарони онҳо чорабинии рамзии «Рӯзи дарҳои кушод» баргузор гардид. Иштирокчиёни чорабинӣ вориди бинои Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» шуда, бо шароитҳои фароҳамгардида баҳри таълиму тадриси кӯдакону наврасон дар маҳфилҳо аз наздик шинос гардиданд ва ба маҳфилҳои писандидаашон худро номнавис намуданд. Баъди ошноӣ пайдо намудан бо фаъолияти маҳфилҳо ба иштирокчиёни чорабинӣ дар толори фарҳангии Муассиса аз тарафи маҳфилҳои эҷодӣ-бадеӣ ва ансамбли «Шукуфаҳои пойтахт» -и Муассиса барномаи рангини консертӣ пешкаш гардонида шуд.