Суруш Холов.
Автор: ТВБ
«Баҳори Данғара»
«Анонс»
Наврӯзи Данғара.
«Анонс»
«Дар меҳмонии Баҳористон» - Суруш Холов.
«Анонс»
«Навои деҳа».
«Лавҳа»
н. Данғара.
«Лавҳа»
н. Восеъ деҳаи Гулобод.
«Лавҳа»
ш. Кӯлоб.
Омӯзиши фанҳои дақиқ дар Муассисаҳои таълимӣ.
Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11- уми шаҳри Душанбе 2339 нафар хонанда дар ду баст ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Тибқи иттилои масъулин 11 нафар хонандагон дар олимпиадаи фаннӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд. Тавре мушоҳида шуд, дар таълимгоҳ 65 синфхона мавҷуд буда, аз ин шумора 7 синфхонаи фаннӣ бо асбобу таҷҳизотҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ҳамзамон муассиса дорои 9 адад тахтаи электронӣ, 2 синфхонаи лингафонӣ, 2 синфхонаи техналогияи иттилотӣ бо 148 адад компютер муҷаҳҳаз мебошад, ки ҳамаи он дар ҳолати корӣ қарор доранд.
Рушди бадминтон дар ноҳияи Кӯшониён.
Бадминтон яке аз риштаҳои маъмулу машҳури соҳаи варзиш мебошад. Ин риштаи варзиш дар ноҳияи Кӯшониён сол то сол рушд карда, имрӯзҳо зиёда аз 80 нафар наврасону ҷавонони ноҳия ба ин намуди варзиш бо майлу рағбати беандоза машғуланд. Дар муассисаи таълимии рақами 14-и ҷамоати деҳоти Заргари ноҳия толори махсус барои гузаронидани тамрини риштаи бадминтон ва мусобиқаҳо муҳайё буда, мураббиёни мактаби варзишии ноҳия бо гуруҳҳои махсуси бадминтонбоз дар вақтҳои муайяншуда машқу тамрин мекунанд. Аз рӯи ин намуди варзиш дастпарварони муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия дар мусобиқа ва чемпионатҳои Осиёи Марказӣ ва Авруосиё фаъолона ширкат варзида, 3 нафар ба гирифтани ҷойҳои дуюм ва сеюм мушарраф гаштаанд.
















