Осорхона ва китобхонаи маркази таълимии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Автор: ТВБ
«Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Артиш»
Боғчаи №127.
«Интеллект»
Бо хонандагони фаъоли МТМУ № 124-уми н. Фирдавсӣ.
«Аниси кунҷи танҳоӣ…»
Иштирокчии барнома Фариштамоҳи Фахриддин.
«Алифбои роҳ»
Рақобат ва иҷрои шартҳо аз ҷониби 2 даста барои ба даст овардани ғолибият.
«Ахтарони Озмуни Фурӯғи субҳи доноӣ…»
Артиши миллӣ-кафили сулҳу суботи комили ҷомеа.
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, бахшида ба 30 солагии таъсисёбии Артиши миллӣ, чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур кормандони Китобхона, собиқадорони ҷангу меҳнат, шахсони имконияташон маҳдуд ва ҳамчунин дӯстдорони каломи бадеъ ширкат доштанд. Нахуст масъулини китобхонаи мазкур суханронӣ намуда, аҳли нишастро бо рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ табрику шодбош гуфтанд ва барояшон бурдборию сулҳу субботро таманно намуданд. Дар фарҷом аз ҷониби хонандагони фаъоли китобхона барномаи фарҳангӣ тақдим гардид, ки ба иштирокдорон писанд омад.
Таҷлили рӯзи Артиши миллӣ дар Муассисаҳои томактабӣ.
Ҳамоиши мазкур бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, дар он афсарону сарбозон, мураббияҳо ва кӯдакон ширкат намуданд. Нахуст дар чорабинӣ кӯдакони Муассисаи томактабии №83 пойтахт бахшҳои гуногунро пешниҳод карданд. Аз ҷумла онҳо тарзи иҷрои амалиётҳои ҷангиро нишон дода, дар раванди он машқҳои ҳарбиро пешниҳод намуданд. Бояд гуфт, ки дар ин ҷамъомад кӯдакон либосҳои низомиро ба бар карда, аз иҷрои амалҳои ба уҳда доштаашон ба пуррагӣ баромаданд. Саҳнаҳои пешниҳодшуда бештар дар мавзуҳои ҳифзу нигаҳбонии Ватан, ватандӯстӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва дигар самтҳоро фарогир буд. Яке аз бахшҳои муҳим, ки сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии Роғун буд, аз ҷониби кӯдакон дар сатҳи баланд иҷро карда шуд.
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Муҳтарам генералҳо, афсарон ва сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз аз таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад, сӣ сол сипарӣ мегардад.
ИДОМААртиши миллӣ сипари боэътимоди миллат.
Ба муносибати 30 -солагии рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ дар Кӯдакистони №98 -уми ноҳияи Синои пойтахт маҳфили идона бо иштироки тарбиятгирандагон ва мураббиён баргузор гардид. Дар ин тадбир масъулин суханронӣ карда, дустрӯяконро ба ин рӯзи фархунда табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки онҳо дар зиндагӣ комёбиҳои беназирро таманно намуданд. Сипас барномаи фарҳангии тарбиятгирандагон оғоз гардид. Дустрӯякон дар даст парчамҳо бо садо додани суруди дилнишин дар васфи ватан бо иҷрои амалу машқҳои гуногун ҳунарашонро ба ҳозирин нишон доданд.



















