Перейти к содержимому
 

ГУЛИСТОН, 20.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистон аз ҷониби собиқ футболбози дастаи  мунтахаби мамлакат ва сарбони ҳозираи дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд Ҷаҳонгир Эргашев Академияи футболи «Сомониён» таъсис дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон хабар доданд.

«Сомониён» бо чорабинии тантанавии идона дар варзишгоҳи марказии шаҳр ба фаъолият оғоз намуд. Дар кушодашавии он аъзои академия, мураббиён ва  волидайн иштирок намуданд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев  изҳор дошт, ки солҳои охир дар ҷумҳурӣ ҷиҳати рушди варзиши рақами 1-и ҷаҳон – футбол тадбирҳои муассир андешида шудааст. Натиҷаи ҳамин тадбирҳо ва барномаву ҳадафҳо буд, ки тими мунтахаби мамлакат дар таърих аввалин маротиба ба Чемпионати Осиё, ки соли 2023 дар давлати арабии Қатар баргузор мегардад, роҳхат гирифт.

Дар шаҳри Гулистон ба  рушди ин навъи варзиш таваҷҷуҳи хоса  зоҳир мегардад. Натиҷаи ин таваҷҷуҳ аст, ки дастаи «Гулистон»-и шаҳри Гулистон дар Лигаи якуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол ҳунарнамоӣ мекунад.

Волидайни таълимгирандагон ва сокинони шаҳр аз кушодашавии Академияи футболи «Сомониён» хушҳол  буда, ба муассисони он изҳори сипос намуданд.

Имрӯзҳо дар Муассисаи таълимии рақами 53-юми шаҳри Душанбе корҳои сохтмонӣ дар сатҳи баланд идома дорад. Сохтмончиён дар 4-ошёнаи бинои таълимгоҳ ба корҳои андовакунӣ, рангу бор намудани синфхонаҳо, насб намудани фурӯзонакҳои барқӣ ва сафолакҳо, кашидани хатҳои обу барқ ва дигар корҳои сохтмонию бинокорӣ машғул мебошанд. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур аз 2-юми марти соли 2022 шуруъ гардида, бинокорон тасмим гирифтанд, корҳоро бо сифати баланд то оғози соли таҳсили 2023-2024 ба анҷом расонида, биноро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд. Айни замон сохтмончиён толори фарҳангиро барои 500 нафар, китобхонаро барои 160 хонанда, инчунин толори варзиширо пурра сохта ба  анҷом расониданд. Иншооти мазкур аз 5 қисм ва 4 ошёна иборат буда, он барои 1200 хонанда дар як баст пешбинӣ  шудааст.

Дар Лагери истироҳативу омӯзишии «Рангинкамон» -и Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе 10 маҳфил аз қабили расмкашӣ, шоҳмот, зардӯзӣ, драма, дуредгарӣ, рақс, конструктор, маҳфилҳои мусиқӣ ва  маҳфили табиатдӯстдорон фаъолият менамоянд, ки ҳамарӯза кӯдакон ҷалб мегарданд. Ҳамарӯза насли наврас ба машқи пагоҳирӯзӣ машғул шуда, бо ёрии мураббӣ машқҳои гуногуни варзиширо иҷро менамоянд. Хотиррасон менамоем, ки дар басти аввали Лагери истироҳатӣ 10 гуруҳ  фаъолият менамояд ва дар ин давр истироҳати  насли наврас 12 рӯз идома карда, дар ин муддат онҳо  бо хӯроки гарм таъмин карда мешаванд. Дар маҳфили драма дӯстдорони санъати актёрӣ нозукиҳои ин ҳунарро меомӯзанд. Ҳамзамон дар маҳфили расмкашӣ низ истироҳаткунандагон бо шавқи зиёд ба тасвири расмҳои мухталиф машғул мешаванд. Ёдовар мешавем, ки Лагери истироҳативу омӯзишии «Рангинкамон» дар чор баст фаъолият менамояд.