Перейти к содержимому
 

Дар Муассисаи томактабии рақами 30-юми  шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни «Доноякон» оғоз ёфт. Дар даври навбатӣ 43 нафар довталаб аз Муассисаҳои томактабии ҳудуди шаҳр иштирок намуданд. Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, рушди қобилияти фикрӣ, ақлӣ, тарбияи зебопарастӣ ва хештаншиносӣ, парвариши меҳру муҳаббати кўдакон нисбат ба шеъру сухан, санъати миллӣ ва дар сатҳи арзанда омода намудани кӯдакон ба мактаб роҳандозӣ мегардад. Озмун тӯли ду рӯз идома ёфта, танҳо 12 иштирокчии фаъол имкони ба даст овардани мақомҳои ифтихориро пайдо месозанд.

Дар ноҳияи Ёвон барои варзишдӯстони наврасу ҷавон шароити  мусоиди машқу тамрин фароҳам оварда шуда, толору майдонҳои  зебову барҳаво ва муосири варзишӣ имкон медиҳад, ки намудҳои  гуногуни  бозиҳои варзишӣ, бахусус футбол рушд кунад. Дар ин ноҳия дар радифи фаъолияти назарраси  дастаи футболи «Моҳир» бо мақсади  тақвият бахшидани футбол ва дарёфти кӯдакону наврасони  болаёқат дастаи футболбозони  наврас амал мекунад. Бо мақсади ҷалби  бештари кӯдакону наврасон ба бозиҳои  варзишӣ, бахусус футбол, таъмини иштироки фаъолонаи дастаи футболи кӯдаконаи  «Моҳир» дар ноҳия  шароити мусоид  фароҳам оварда мешавад.