Перейти к содержимому
 

Дар Муассисаи  томактабии №18-уми н. Синои ш. Душанбе даври ноҳиявии озмуни «Мураббии сол-2023» баргузор гардид. Дар озмун 13 довталаб аз 13 Муассисаи томактабии ҳудуди ноҳияи Сино иштирок намуда миёни ҳам рақобат карданд. Озмуни зикршуда аз рӯи 8 шарт, гузаронидани машғулият, ҳуҷҷатгузорӣ, омода намудани гурӯҳ ва гӯшаҳо, саволҳо аз рӯи ихтисос, саволҳои соҳаи маориф, саволҳои психологӣ, ҳисоботи эҷодӣ ва  мехнати дастӣ  гузаронида шуд.

Толори Театри давлатии «Лӯхтак» -и шаҳри Душанбе пур аз бинандаи наврас буд. Намоишномаи «Қуллаи мурод», ки аз ҷониби ҳунармандони Театри Лӯхтаки «Афсона» -и шаҳри Бохтар дар сатҳи баланди касбӣ иҷро гардид, дӯстрӯякон онро бо шавқи зиёд тамошо намуданд. Албатта театр ойинаи зиндагӣ аст ва дар баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ мусоидат менамояд. Ва намоишномаи «Қуллаи мурод» низ тарбиявӣ буда, бинандаро ба некиву накӯкорӣ, дўст доштани табиат, ҳифз намудани ҳайвонҳои нодир талқин менамояд. Ёдовар мешавем, ки дар фестивали мазкур 18 театри касбии мамлакат намоишҳои худро, ки тӯли ду соли охир рӯи саҳна омадаанд, пешниҳоди тамошобинон ва ҳакамони озмун мегардонанд.

Бо ибтикори шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллии Тоҷикистон  озмун, таҳти унвони«Ман метавонам» баргузор гардид. Озмуни мазкур ки муддати чанд рӯз идома ёфт, иштирокчиён аз рўи чор наминатсия маҳоратсанҷӣ карданд. Ҳамин тариқ аз рўи номинатсияи сарояндагӣ Раҷабгули Раҷаб ҷои аввалро касб намуд. Заррина Абдураҳимова ва Ғафурҷони Мақсуд зинаҳои 2-юм ва 3-юмро ишғол намуданд. Дар номинаи навозандагӣ Билол Саидов ҷои аввал, Шодмон Тўраев мақоми дуюм ва Дилафрўз Назарова ҷои сеюмро ба даст оварданд. Дар бахши қироати шеър Иброҳим Мирзоев ҷои аввалро  касб кард. Шабнами Амирхон ва Зебунисо Мирзоева мутаносибан дар зинаҳои дуюм ва сеюм қарор гирифтанд. Дар номинатсияи  ҳунармандӣ Маърифат Нодиров ҷои аввалро соҳиб шуд.

Бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, шуъбаи маорифи ноҳия ва Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 вобаста ба пешгирии ҳодисаҳои нохуши сӯхтор ва омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода чорабинӣ доир шуд. Дар чорабинӣ намоиши тасвирҳои хонанадагон вобаста ба ҳолатҳои фавқулода ва пешгирӣ аз ҳолатҳои нохуши сухтор намоиш дода шуд. Дар идомаи дарси намунавии мудофиаи гражданӣ кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе сўхтори сунъиро дар муддати муайяншуда, хомўш намуда, ба нафароне, ки дар пайи он зарари ҷисмонӣ бардоштанд, ёрии аввалия расонида шуда, баъдан ба беморхона интиқол дода шуданд.

ДУШАНБЕ, 02.05.2023. /АМИТ «Ховар»/.  Хонандагони шаҳри Душанбе дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ барои хонандагони синфи 11 аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ соҳиби 70 ҷойи ифтихорӣ (6 медали тилло, 28 медали нуқра ва 36 медали биринҷӣ) ва сазовори ҷойи аввал шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар олимпиадаҳо хонандагони вилояти Суғд сазовори 46 ҷойи ифтихорӣ (11 медали нуқра ва 35 медали биринҷӣ, вилояти Хатлон сазовори 40 ҷойи ифтихорӣ (8 медали нуқра ва 32 медали биринҷӣ), шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сазовори 7 ҷойи ифтихорӣ (2 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ) ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сазовори 10 ҷойи ифтихорӣ (5медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ) гардид.

Дар олимпиадаҳои мазкур 1004 хонандаи синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуд, ки нисбат ба соли 2022  284 нафар (28,3%) зиёд аст. Дар озмун 173 хонанда сазовори ҷойҳои ифтихорӣ (6 нафар сазовори медали тилло, 54 кас сазовори медали нуқра ва 113 нафар соҳиби медали биринҷӣ) шуд.

Ёдовар мешавем, ки олимпиадаҳо аз 27 то 30 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.