Донишкадаи олии сарҳадӣ КДАМ ҶТ.
Автор: ТВБ
«Ғунча»
Оҳуча ва санҷобак.
«Бо ҳам меёбем»
Имрон ва Марям ба саволҳои робот-профессор ҷавоб гардониданд.
«Ангубин»
Қаҳрамони навбатӣ Марями доною зираки 6-сола.
«Ахтарони озмуни фурӯғи субҳи доноӣ…»
«Навоят розҳо дорад».
Дар Мактаб - интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев бахшида ба фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мастона Эргашева маҳфили фарҳангӣ, таҳти унвони «Навоят розҳо дорад» баргузор гардид. Дар тадбири мазкур ҳунармандони шинохта ва омӯзгорону хонандагони Мактаб - интернат ҳузур доштанд. Дар маҳфил масъулин доир ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мастона Эргашева суханронї намуданд. Гуфта шуд, ки Мастона Эргашева аз овони хурдсолӣ ба сарояндагӣ шавқи беандоза дошта, нахустин сурудашро дар замони мактабхонӣ сабт намуда, манзури шунавандагон намудааст. Сипас, барномаи омода намудаи омўзгорону хонандагони Мактаб - интернати мазкур манзури ҳозирин гардонида шуд.
Рушди Муассисаҳои томактабӣ шаҳри Душанбе.
Семинар - машварати мудирони Муассисаҳои томактабии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ин навбат дар Муассисаи томактабии рақами 12-уми ноҳия баргузор гардид. Дар ин тадбир намояндагони шуъбаи маорифи ноҳияи Сино ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд. Машварати мазкур нахуст дар гуруҳҳо сурат гирифта, ҳайати комиссия аз рафти машғулиятҳо дидан намуданд. Нахуст мураббия Садриой Холибекова дарсро оғоз намуд ва тавассути аёниятҳои мавҷуда тавонист бо кӯдакон машғулиятҳои гуногунро гузаронад ва иброз дошт ки тавассути бозихои дидактикию варзишӣ ҷори намудани дарсҳо ҳам ба ҳолати ҷисмонии кӯдак ва ҳам барои инкишофи зеҳнии наврасон мусоидат менамояд.
Оғози даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст».
Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-и ноҳияи Рӯдакӣ даври минтақавии озмуни ҷумҳурииявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар ин марҳила довталабони Муассисаҳои таълимии Ҷамоати деҳоти Зайналободи н. Рӯдакӣ ширкат варзида, дониши худро нишон доданд. Озмуни мазкур дар толори таълимгоҳи рақами 14 сурат гирифта, нахуст масъулин рафти озмунро ба довталабон фаҳмониданд. Иброз доштанд, ки айни замон дар ноҳияи Рӯдакӣ 14 ҷамоат бо теъдоди 136 Муассисаи таълимӣ мавҷуд аст, ки даври аввали озмуни ҷумҳуриявии Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст дар тамоми Муассисаҳои таълимӣ доир карда шуд. Баъди баргузории даври аввал беҳтаринҳо ба даври дуюм роҳ ёфтанд.
«Таҷриба»
Об, картошка ва намак.

















