Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 18.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 28 июли соли 2023 бо мақсади дастрасии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо либос ва лавозимоти мактабӣ ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ дар ҷойҳои муайянгардида бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ идома дорад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» ба ярмаркаи доимамалкунанда-намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ, воқеъ дар назди Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» рафта, бо масъулин ва волидайни хонандагон ҳамсуҳбат гардид.

Идома

ДУШАНБЕ, 18.08.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар ҳошияи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинони Бадахшон дар ноҳияи Мурғоб Боғи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Идома

17 август дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 нафар кӯдакону наврасони ятиму дорои имконияташон маҳдуди ҷисмонӣ аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот карда, ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим намуданд.

Идома

17 август дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Корхонаи истеҳсоли конструксияҳои металлиро ифтитоҳ намуданд.

Идома

17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Хоруғи Боло бинои дуюми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-ро ифтитоҳ намуданд.

Идома

17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои истиқоматии 12-ошёнаро дар хиёбони марказии ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур мавриди истифода қарор доданд.

Идома

17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ коргоҳи истеҳсоли мебелро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, аз намоиши маҳсулоти ин корхона дидан намуданд.

Идома

17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Баданхшон, дар шаҳри Хоруғ ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пойафзоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сандал” оғоз бахшиданд.

Идома