Перейти к содержимому
 

Майдончаи солимгардонии назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10-уми ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳамасола тибқи нақша фаъолият намуда, дар соли ҷорӣ низ дар 4 баст амал мекунад. Айни замон басти сеюм идома дошта, дар он 40 нафар кӯдак ба истироҳату фароғат ва омӯзиш машғул ҳастанд. Тибқи иттилоъи масъулин нахуст кӯдакон ҳангоми ба ин макон омадан ба машқи пагоҳирӯзӣ ва обутоби бадан машғул мешаванд. Дар ин баробар онҳо дар дигар машғулиятҳо низ иштирок намуда, байни ҳам санҷиши дониш ва дигар мусобиқаҳоро роҳандозӣ мекунанд. Дар як вақт истироҳаткунандагон ба китобхона ҷалб гардида, дар синфхонаи махсус ба мутолиа ва омӯзишу азхудкунии  ҳикояву афсона ва дигар асарҳо машғул мешаванд.

Имрӯзҳо дар Муассисаҳои томактабии кишвар давраи солимгардонӣ ҷараён дошта, раванди он дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Дар Муассисаи томактабии рақами 83-уми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ин давра хуб гузаронида шуда, ба кӯдакон шароити созгор муҳайё карда шудааст. Бино ба иттилои масъулин мураббияҳо аз рӯйи реҷаи корӣ, ки барои давраи солимгардонии кӯдакон омода гаштааст,машғулиятҳоро мегузаронанд. Машғулиятҳои кӯдакон бисёртар ба воситаи бозиҳои дидактикӣ ба роҳ монда шудааст, зеро дар ин давра онҳо ҳаматарафа обутоб ёфта, саломатиашонро боз ҳам инкишоф медиҳанд.

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд. Ҳаминаст, ки ҳамасола дар айёми таътили тобистона кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ба истироҳату фароғат ҷалб карда мешаванд. Истироҳатгоҳи «Орзу» низ яке аз истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ буда, ҳамасола оғуши худро ба рӯи насли наврас боз менамояд. Айни ҳол дар истироҳатгоҳи номбурда басти сеюми итироҳат ҷараён дорад. Ба басти сеюми истироҳат 200 нафар хонанда фаро гирифта шудааст. Дар ин мавзеи зебо кӯдакону наврасон аз Муассисаҳои ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ ҷамъ омадаанд ва ҳамарӯза истироҳати онҳо аз машқи пагоҳирӯзи оғоз гардида, баъдан ба бозиву маҳфилҳои гуногуни зеҳнӣ машғул мешаванд Дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Орзу» истироҳаткунандагон бо 4 вақт хӯрокҳои серғизо ва афшӯраҳои мевагӣ таъмин карда мешаванд.