ДУШАНБЕ, 02.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии китоби бачагона таҳти унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ..» Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз гардида, то 9 апрел дар саросари мамлакат идома меёбад. Фестивали имсола ба 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ бахшида мешавад.
ИдомаАвтор: ТВБ
«Ангубин»
«Happy steps»
«Масири тарбия»
Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад.
ДУШАНБЕ, 01.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 2 апрел дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз гардида, то 9 апрел дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома меёбад.
ИдомаМаросими гусели сарони давлатҳои Қирғизистон ва Узбекистон.

Шоми 31 март пас аз иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз ва анҷоми сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сарони давлатҳои Қирғизистону Узбекистон муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз шаҳри Хуҷанд баргаштанд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд меҳмонони олимақомро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона гусел намуданд.
Иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии муштараки наврӯзӣ.

Бегоҳии 31 март муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» иборат аз барномаи муштараки фарҳангии аҳли ҳунари се кишвар пешкаш гардид, иштирок намуданд.
ИдомаМаросими имзои Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ.

Баъди анҷоми мулоқоти хоссаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Узбекистон, ки дар фазои дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт, дар ҳамин ҷо маросими имзо ва мубодилаи санади муҳими таърихӣ - Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ баргузор шуд.
Санади мазкур дар ҳузури сарони давлатҳо аз ҷониби вазирони корҳои хориҷии ду кишвар ба имзо расид.
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев.

31 март дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баргузор гардид.
ИдомаТашрифи Президенти Узбекистон ба Тоҷикистон.

31 март Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев барои анҷом додани мулоқоту музокироти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, иштирок дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои муштарак ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ташриф оварданд.
Идома