Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 27.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Довталабон аз рӯи номинатсияҳои сарояндагӣ, композиторӣ ва навозандагӣ баромад менамоянд.

Даври ниҳоии озмун аз 25 то 30 сентябр идома ёфта,  маросими ҷоизасупорӣ ва барномаи консертӣ бо иштироки ғолибони озмун 5 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ баргузор мегардад.

ДУШАНБЕ, 27.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои 19-уми Осиёӣ, ки дар шаҳри Ханжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин идома дорад, аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо бо касби се медал (як тилло, як нуқра ва як биринҷӣ) дар байни 45 давлати иштироккунанда дар ҷойи 12-ум қарор дорад. Дар ин хусус ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.

Аз рӯи натиҷагирии мусобиқот то ҳоло варзишгарони 30 давлат медали бозиҳоро ба даст овардаанд, аз ҷумла намояндагони 14 кишвар нишони тилло гирифтаанд. Дастаи мунтахаби Чин бо касби 99 медал (56 тилло, 30 нуқра ва 13 биринҷӣ) дар ҷойи аввал аст. Дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 51 медал (15 тилло, 16 нуқра ва 20 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм ва дастаи мунтахаби Ҷопон бо касби 50 медал (9 тилло, 21 нуқра ва 20 биринҷӣ) дар ҷойи сеюм қарор доранд. Ба даҳгонаи аввал инчунин дастаҳои мунтахаби Узбекистон бо касби (5-6-11), Гонконг (5-5-11), Тайланд (5-1-5), Ҳиндустон (3-4-7), Индонезия (3-1-5), Тайпейи Чин (2-3-3), ва Эрон (1-4-5) дохил мебошанд.

Инчунин пеш аз Тоҷикистон боз як давлат– Аморати Муттаҳидаи Араб (1-1-3) ҷойгир шудааст. Аз давлатҳои Осиёи Марказӣ ба ғайр аз Узбекистону Тоҷикистон Қирғизистон як медали тилло (ҷойи 14-ум), Қазоқистон 9 медал (2 нуқра ва 7 биринҷӣ, ҷойи 16-ум) ва Туркманистон 1 медали биринҷӣ (ҷойи 25-ум) гирифтаанд.

Ёдовар мешавем, ки Сомон Маҳмадбеков дар Бозиҳои 19-уми Осиёӣ дар риштаи ҷудо дар вазни то 81 кило медали тилло ба даст овард. Темур Раҳимов дар вазни +100 кило медали нуқра гирифт. Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кило барандаи медали биринҷӣ шуд. Ҳамин тариқ, ҳар се медали дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозиҳо ба варзишгарони тоҷик дар риштаи гӯштини ҷудо тааллуқ доранд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар Бозиҳои 19-умин Осиёӣ, ки то 8 октябр идома меёбанд, Тоҷикистонро беш аз 100 варзишгар намояндагӣ менамоянд.

Ба барномаи бозиҳо 40 навъи варзиш (28 намуди олимпӣ ва 12 намуди ғайриолимпӣ) дохил аст. Варзишгарони тоҷик дар 18 намуд ҳунарнамоӣ менамоянд. Ба назари коршиносон, варзишгарони тоҷик боз дар риштаҳои бокс, гӯштини озод ва юнонию румӣ, ҷиу- ҷитсу, варзиши сабук, каратэ ва кураш имкони гирифтани медал доранд.

Ба варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои Осиёӣ дар Ханжоу медали тилло мегиранд, ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба маблағи 150 000 сомонӣ, ба барандагони медали нуқра 100 000 сомонӣ ва ба соҳибони медали биринҷӣ 50 000 сомонӣ супурда мешавад. Инчунин бо қарори Раиси шаҳри Душанбе ба онҳое, ки дар ин бозиҳо барандагони медали тилло мешаванд, хонаи сеҳуҷрагӣ, медали нуқра — дуҳуҷрагӣ ва медали биринҷӣ- манзили якҳуҷрагӣ тақдим мегардад.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо иштирок намуда, то ҳоло 30 медал гирифтааст, ки 5-тоаш медали тилло, 7-то медали нуқра ва 18 адад медали биринҷӣ мебошад. Се медали тиллоро Дилшод Назаров аз гурзандозӣ, як медали тиллоро Ҷаҳон Қурбонов дар бокс ва як адади дигарро Сомон Маҳмадбеков дар гӯштини ҷудо ба даст овардаанд.

ДУШАНБЕ, 25.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми имрӯз паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу оид ба гӯштини ҷудо ба финал роҳ ёфт. Дар финал ӯ бо Ли Ҷунван аз Кореяи Ҷанубӣ гӯштин мегирад. Дар ин хусус ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.

Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал бо ду имтиёзи вазарӣ бар Муаяд Звайб аз Фаластин пирӯз шуда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дар даври чаҳорякниҳоӣ Сомон бо имтиёзи иппон бар Асад Масабирови қирғиз ғалаба намуда, ба даври нимниҳоии Бозиҳои Осиёии Ханжоу баромад. Дар даври нимниҳоӣ Сомон тавонист, ки бар Абулайхан Жубаназари қазоқ бо имтиёзи вазарӣ ғалаба намуда, ба финал роҳ ёбад. Нимаи дуюми имрӯз варзишгари тоҷик дар финал бо Ли Ҷунван аз Кореяи Ҷанубӣ гӯштин мегирад.

Инчунин имрӯз варзишгари дигари тоҷик дар риштаи ҷудо Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кг дар даври аввали Бозиҳои Осиёи Ханжоу -2022 бар ҷудочии Филиппин Накано Кейсей бо имтиёзи иппон ғалаба намуда, ба даври чаҳорякниҳоӣ баромад. Дар даври чаҳорякниҳоӣ ӯ бар Данияр Шамшаеви қазоқ бо имтиёзи вазарӣ зафар ёфта, дар даври нимниҳоӣ аз Соичи Ҳашимотои ҷопонӣ бо як имтиёзи вазарӣ мағлуб шуд. Нимаи дуюми имрӯз Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кг барои нишони биринҷӣ бо Кингдага аз Чин рақобат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои Осиёии Ханжоу – 2022 аз 23 сентябр то 8 октябр дар шаҳри Ханжоуи Ҷумҳурии Мардуми Чин баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа 481 маҷмуи медалҳо аз рӯи 40 намуди варзиш ба роҳ монда шудааст. Дар ин мусобиқа 138 варзишгар аз Тоҷикистон дар 18 намуди варзиш ҳунарнамоӣ менамоянд.

ДУШАНБЕ, 25.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҷудочии маъруфи Тоҷикистон Беҳрӯз Хоҷазода дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу -2022 аз намуди ҷудо аввалин медали биринҷиро соҳиб шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Варзишгари тоҷик дар риштаи ҷудо Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кг дар даври аввали Бозиҳои Осиёи Ханжоу -2022 бар ҷудочии Филиппин Накано Кейсей бо имтиёзи иппон ғалаба намуда, ба даври чаҳорякниҳоӣ баромад.

Дар даври чаҳорякниҳоӣ ӯ бар Данияр Шамшаеви қазоқ бо имтиёзи вазарӣ зафар ёфта, дар даври нимниҳоӣ аз Соичи Ҳашимотои ҷопонӣ бо як имтиёзи вазарӣ мағлуб шуд.

Дар рақобат барои ҷойи сеюм Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг) бар Кингдага аз Чин бо имтиёзи иппон зафар ёфта, соҳиби нишони биринҷӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 аз 23 сентябр то 8 октябри соли 2023 дар шаҳри Ханжоуи Ҷумҳурии Мардуми Чин баргузор мегарданд. Дар он 481 маҷмуи медалҳо аз рӯи 40 намуди варзиш гузошта шудааст. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 138 варзишгар дар 18 намуди варзиш сабқат менамоянд.

Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Ба варзишгароне, ки дар мусобиқаи мазкур медали тилло мегиранд, 150 000 сомонӣ, медали нуқра 100 000 сомонӣ ва медали биринҷӣ 50 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.

Бо такя ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат баҳри дастгирии варзишгарон дар Бозиҳои 19-уми Осиёӣ қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе низ ба тасвиб расидааст, ки тибқи он, ба гирандагони медали тилло хонаи 3 ҳуҷрадор, медали нуқра 2 ҳуҷрадор ва медали биринҷӣ хонаи 1 ҳуҷрадор тақдим мегардад.

ДУШАНБЕ, 25.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар Бозиҳои Осиёии Ҳанжоу-2022 медали тилло ба даст овард, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Мавриди тазаккур аст, ки Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал бо ду имтиёзи вазарӣ бар Муаяд Звайб аз Фаластин пирӯз шуда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дар даври чаҳорякниҳоӣ Сомон бо имтиёзи иппон бар Асад Масабирови қирғиз ғалаба намуда, ба даври нимниҳоии Бозиҳои Осиёи Ханжоу баромад.

Дар қисмати ниҳоӣ Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг бо Ли Ҷунван аз Кореяи Ҷанубӣ сабқат намуда, бар ӯ бо як вазарӣ ғолиб омад ва сазовори медали тилло гардид.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 аз 23 сентябр то 8 октябри соли 2023 дар шаҳри Ханжоуи Ҷумҳурии Мардуми Чин баргузор мегарданд. Дар он 481 маҷмуи медалҳо аз рӯи 40 намуди варзиш гузошта шудааст. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 138 варзишгар дар 18 намуди варзиш сабқат менамоянд.

Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Ба варзишгароне, ки дар мусобиқаи мазкур медали тилло мегиранд, 150 000 сомонӣ, медали нуқра 100 000 сомонӣ ва медали биринҷӣ 50 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.

Бо такя ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат баҳри дастгирии варзишгарон дар Бозиҳои 19-уми Осиёӣ қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе низ ба тасвиб расидааст, ки тибқи он, ба гирандагони медали тилло хонаи 3-ҳуҷрадор, медали нуқра- 2 ҳуҷрадор ва медали биринҷӣ хонаи 1- ҳуҷрадор тақдим мегардад.

ДУШАНБЕ, 26.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Даври шаҳрии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» дар пойтахт оғоз гардид. Дар маросими оғози даври шаҳрии озмуни мазкур роҳбарияти шаҳри Душанбе, намояндагон аз вазорату идораҳо, ҳайати ҳакамони озмун ва иштирокчиён иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Гуфта шуд, ки озмун имсол бо якчанд имконият амалӣ мегардад. Аз ҷумла, ҷиҳати ҷалби васеи иштирокчиён ба озмуни мазкур соли 2023 дар ҳамаи номинатсияҳо ғолибони ҷойи 3-юм аз ду нафар ба се нафар расонида шуда, шумораи ҷойҳои ифтихорӣ аз рӯйи ҳар номинатсия ба 6 адад расид.

Дар ин замина, шумораи мукофоти пулӣ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври чоруми озмун ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоизаро соҳиб мешаванд, 49-то зиёд шуда, дар маҷмуъ ба 84 адад расид.

Ҳамин тавр, иштирокчиёни даври шаҳрии озмун ба аъзои ҳакамон маҳорату малакаи хешро нишон доданд.

Бояд тазаккур дод, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» соли сеюм аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат доир мегардад.

Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар пойтахт то 30 сентябр идома меёбад.