Перейти к содержимому
 

26 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ, бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд.

Иншоот бо дарназардошти талаботи замони муосир дар масоҳати умумии 7 садяк замин бунёд шудааст. Масоҳати худи бино бо назардошти иншооти ёрирасон 125 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2021 оғоз гардида, он аз ҳисоби маблағҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб-соҳибкорони маҳалливу шахсони саховатпеша бунёд ёфтааст. Пудратчии иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ёсин-сохтмон” буда, дар рафти корҳои созандагӣ сохтмончиёни маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.

Иншоот аз се ошёна иборат буда, қабати якум аз китобхона бо 1500 нусха адабиёти классику муосир, шуъбаи таблиғот ва иттилоот, утоқи қабули шаҳрвандон иборат буда, ошёнаи дуюм ва сеюмро утоқҳои корӣ, маъмурият, маҷлисгоҳ бо дарназардошти 100 ҷойи нишаст ташкил медиҳад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сифати корҳои бунёдӣ баҳои баланд дода, масъулинро ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти корӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳову барномаҳои оинномавии ҳизб муваззаф намуданд.

26 октябр дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боғи фарҳангию фароғатии ноҳия бо зиёда аз 60 нафар ятими кулл аз ноҳияи Рӯдакӣ мулоқот доир намуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карданд.

Идома

26 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо лоиҳаи муфассали банақшагирии ҷамоатҳои шаҳраки Сомониён, Мирзо Турсунзода, Навобод, деҳоти Роҳатӣ ва Чортеппа шинос шуданд.

Идома

26 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ Боғи фарҳангию фароғатиро баъди таҷдиду навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Идома

26 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Идома

26 октябр Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ аз хоҷагии деҳқонии “Ҳосила”-и деҳоти Чоргултеппа дидан намуданд.

Идома

26 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию созандагӣ, вусъати кишти тирамоҳӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд.

Идома

25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Ваҳдат ба таври онлайн ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хишти Ваҳдат” оғоз бахшиданд.

Идома

ДУШАНБЕ, 25.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар Фестивали дониш ва навоварӣ барои занони деҳот баргузор гардид, ки он ба Рӯзи миллии соҳибкорон ва Рӯзи байналмилалии занони деҳот бахшида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар маросими ифтитоҳи фестивал Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид  иштирок  намуд.

Дар саҳни Кохи фарҳанг ширкату корхонаҳо ва соҳибкороне, ки дар вилояти Хатлон бо лоиҳаҳо ҳамкорӣ доранд, маҳсулоти истеҳсоли худро пешкаши меҳмонон ва иштирокчиёни намоишгоҳ гардониданд. Ташкилоти хурди қарзии вилоят низ дар намоишгоҳ хизматрасонии худро пешниҳод намуданд.

Дар фестивал 841 нафар занону духтарон аз шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту идораҳо, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок  намуданд.

ДУШАНБЕ, 25.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Санъати миллии гулдӯзии тоҷикӣ «чакан» дар намоишгоҳи «Эҷоди ҷаҳони беҳтар», ки бахшида ба рӯзи таъсиcи Созмони Милали Муттаҳид 24 октябр аз ҷониби Директори генералии Дафтари Созмон дар Женева Татяна Валовая ифтитоҳ гардид, муаррифӣ  шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, намоишгоҳ то 10 ноябри соли 2023 идома меёбад.

Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти  байналмилалӣ дар Женева, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Конфедератсияи Швейтсария Шараф Шерализода дар намоишгоҳ «чакан» – санъати миллии гулдӯзиро, ки соли 2018 ба Феҳристи ҷаҳонии мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО ворид шудааст, муаррифӣ намуд.

Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ эътирофу дастгирии аҳамияти ҳунарҳои мардумӣ дар саросари ҷаҳон ва таблиғи фарҳанг ҳамчун василаи муколама байни миллатҳо мебошад.

Меҳмонон дар намоишгоҳ бо анъанаҳои миллии Тоҷикистон шинос  шуданд.

Таъкид гардид, ки «чакан»  ҳамчун як навъи ҳунари мардумӣ дорои таърихи бисёр қадимӣ буда, бо рӯзгор, расму оин ва ҷаҳони маънавии мардуми тоҷик иртиботи зич дорад.