Перейти к содержимому
 

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида Рӯзи Парчами давлатии ҶумҳурииТоҷикистон ҳамоиш доир шуд. Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки парчам на танҳо рамзи давлатдорию ифтихори ватандорӣ, балки рамзи ватандӯстию худшиносиву худогоҳӣ, пирӯзиву сарфарозӣ ва ҳувияти миллии мардуми тамаддунофари тоҷик маҳсуб мешавад. Тазаккур дода шуд, ки зери Парчами давлатӣ ояндаи дурахшон ва ободиву пешрафти ин сарзамин таъмин гардида, барои халқи азизи Тоҷикистон зиндагии пурсаодат фароҳам оварда мешавад.

Дар Муассисаи таълимии  №15-уми ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба рӯзи Парчами давлатии ҶТ ҳамоиши адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон!» баргузор гардид. Тадбири мазкур бо иштироки омӯзгорону хонандагони  синфҳои болоӣ ва намояндагон аз Раёсати  маорифи ноҳия доир шуд. Барномаи рангини адабӣ-фарҳангӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз ёфт. Сипас Парчами миллӣ ба толор ворид карда шуд. Суруди умумии парчам аз ҷониби таълимгирандагон мутантан  иҷро гардид. Дар  интиҳои ин ҳамоиши ҷолибу зебо суруди умумии «Тоҷикистон ба пеш!» хеле дилнишину муассир садо дода, аҳли толорро ба яқдигарфаҳмию дӯстӣ, бародарию баробарӣ, рушду густаришёбии кишвар ва гулгулшукуфоии Тоҷикистони азиз, даъват  намуд.

21 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Федератсияи Русия дар шаҳри Москва бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия муҳтарам Михаил Мишустин мулоқот карданд.

Идома

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Дӯстони азиз,

Пеш аз ҳама мехоҳам ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Владимирович Путин барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Федератсияи Русия самимона изҳори сипос намоям.

Идома