Перейти к содержимому
 

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон зери унвони «60 рӯзи таътил дар китобхона» ҳамоиш баргузор гардид. Ҳамоиш ба озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» бахшида шуда, дар он иштирокчиёни озмун, кормандони Китобхонаи миллӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон - Равшани Муқимҷӯ ширкат варзиданд. Ҳозирин оид ба муҳтавои озмуни мазкур суханронӣ намуда, наврасону ҷавонон ва иштирокчиёни ҷамъомадро таъкид намуданд, ки ба озмун хуб тайёрӣ дида ҷойҳои намоёнро сазовор шаванд.

Дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Гулхан» воқеъ дар ноҳияи Варзоб маросими ифтитоҳи басти дуюм шуруъ гардид. Тавре маълум шуд ба истироҳату фароғат 200 нафар хонандагони фаъол ва аз оилаҳои ниёзманд фаро гирифта шуд. Ёдовар мешавем, ки фаъолияти истироҳатгоҳ 4 бастро ташкил дода, ҳар яки он 12 рӯзро дар бар мегирад. Ташкили сайру саёҳат ба табиати зебоманзар, гузаронидани маҳфилҳои бадеӣ ва бозиҳои шавқовар аз машғулиятҳои босамар сипарӣ намудани таътили тобистонаи мактаббачаҳо маҳсуб меёбад, ки хамаи он ба барномаи истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ шомил аст.