ДУШАНБЕ, 04.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ватан сарзамини аҷдодӣ ва маъвои меҳр аст. Ватандӯстӣ ин муносибати шахс бо давлат аст. Тарбияи ватандӯстӣ ин раванд аст. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», ки аз 24 декабри соли 2022 қабул шудааст, мафҳуми ватандӯстӣ — муҳаббати шахс ба Ватан, сарзамин ва халқ, ҳифз намудан аз душман ва содиқона хизмат кардан маънидод гардидааст.Чунин омадааст дар мақолаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор Изатуллои ҲАБИБЗОД, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол шудааст. Номбурда дар идомаи мақола чунин изҳори назар кардааст:
ИдомаАвтор: ТВБ
Дар Душанбе масъалаи таҷҳизонидани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо техникаву технологияи муосир баррасӣ шуд.

ДУШАНБЕ, 04.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 3 июл дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Раиси кумита Фарҳод Раҳимӣ бо Сафири Иттиҳоди Аврупо Раймундас Кароблис доир гардид, ки дар он ҷонибҳо ба густариши бештари ҳамкорӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
ИдомаМулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев.

3 июл дар шаҳри Остона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд.
ИдомаОғози сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон.

3 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ворид шуданд.
ИдомаСафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон.
3 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд.
ИдомаСарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.

ДУШАНБЕ, 02.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
ИдомаСарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

ДУШАНБЕ, 02.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
ИдомаТавзеҳот оид ба амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2024, №671.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати иқтисодию иҷтимоии давлат масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолиро яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷа муайян намудаанд.
ИдомаҚАРОР аз 13 январи соли 2024 №5 ш. Душанбе Дар бораи тадбирҳои амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2024, №671.

Ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2024, №671 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
ИдомаФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мутобиқи моддаҳои 143, 147 ва 149 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» фармон медиҳам:
Идома







