Перейти к содержимому
 

5 июл пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин дар Қасри миллат бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар маросими сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин - ордени “Дӯстӣ” баргузор гардид.

Идома

Баррасии масоили рушду густариши минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Чин дар вохӯрии хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар мулоқот бо ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.

Нахуст, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақом - Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ва ҳайати расмии кишвари ҳамсояро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Идома

5 июл маросими истиқболи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар майдони Қасри миллат, ки ба ин хотир идона ороста буд, баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони воломақомро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Идома

5 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерришро ба ҳузур пазируфтанд.

Идома

Дар ҳошияи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори Агентии иттилоотии “Синхуа” мусоҳиба анҷом доданд.

Идома

4 июл Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми баланд меҳмони олимақом - Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпинро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Идома

4 июли соли 2024 дар шаҳри Остона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии «Созмони ҳамкории Шанхай – плюс» дар мавзӯи «Таҳкими муколамаи бисёрҷониба – талошҳо барои сулҳ ва рушди устувор» иштирок карданд.

Идома

4 июли соли 2024 дар шаҳри Остона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.

Идома