Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 28.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар саҳни Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан, ки макони асосии тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори таҷлили ин иди бостонӣ интихоб шуда буд, ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар медиҳад.

Дар ҷашнгоҳ намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, навъҳои тухмии зироат, техникаҳои соҳавӣ ва маҳсули меҳнати дастии донишҷӯён ба маърази тамошо гузошта шуд.

Дар ҷашни Сада гулхани рамзӣ афрӯхта шуда, барои шодию фараҳи иштирокдорон гурӯҳи ҳунармандони хушсалиқаи шаҳр намоиши театрикунонидашударо ба ифтихори ин ҷашни аҷдодӣ пешниҳоди ҳозирин гардониданд.

Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода баргузории чунин ҷашнҳои оммавии бошукӯҳро, ки тайи солҳои охир ба ҳукми анъана даромадааст, нишонаи иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҷонибдории сокинони шарафманд аз сиёсати пешгирифтаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуд.

Таъкид гардид, ки Сада яке аз ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт ва оғози тозаи зиндагӣ аз давраҳои дур то ба имрўз расидааст.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш иброз доштанд, «мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст».

РӮДАКӢ, 28.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати ҷашни Сада  дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъомади идонаи  пуршукӯҳ баргузор карда шуда, зимни он маҳсулоти кишоварзӣ ва  дастранҷи заҳматкашону ҳунарҳои мардумии ноҳия ба маърази тамошои сокинону меҳмонон гузошта шуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД.

Иштирокдорони ҷамъомад иброз доштанд, ки   «маросиму суннатҳои ин ҷашни бостонӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки тоҷикон ва дигар халқҳои ориёӣ аз қадим ба заминдорӣ, ҳунармандӣ ва чорводорӣ машғул буда, ба табиат муҳаббати хосса доштаанд. Онҳо дигаргуниҳои табиатро эҳсос карда, барои қонеъ сохтани ниёзҳои рӯҳиву равонии худ ойину ҷашнҳо эҷод кардаанд, ки умеду орзуи одамон дар онҳо самимӣ, табиӣ ва гуворо ифода ёфтаанд».

Таҷлили расмии иди Сада далели он аст, ки мардуми шарафманди ноҳияи Рӯдакӣ  дар партави сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш оварда, эҳёи онҳоро вазифаи асосии худ медонанд.  Аз ин хотир, анъанаву расму оинҳо ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин  сару кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрӯз зинда боқӣ монда, ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ ба инсоният хизмат менамоянд. Чуноне ки Пешвои миллат иброз доштанд, «миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадимӣ буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд».

ДУШАНБЕ, 28.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Омӯзгори фанни физикаи литсейи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд Ҷурабой Бобоҷонов ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии   «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2022» гардида, бо мукофоти пулӣ ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ ва туҳфаи хотиравии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар доданд.

Ҳамчунин, иштирокчиёни озмун — Азизамоҳ Идиева, Фарангез Оддиева бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», Гулнамо Мамадгаминова ва Бахтовар Ҳукумзода бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофотпулӣ аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки 26 январи соли равон  дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии Озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2022» оғоз гардид, ки дар он  муаллимони  фанҳои  забони англисии Гимназияи ба номи Асадулло Ғуломови шаҳри Душанбе Фарангез Оддиева, забон ва адабиёти тоҷики Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон Гулнамо Мамадгаминова,  алгебра ва геометрияи Литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар Бахтовар Ҳукумзода,  физика ва астрономия, роҳбари маҳфили фанни физикаи МДРИ-и вилояти Суғди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ҷурабой Бобоҷонов ва омўзгори   синфҳои ибтидоии МТМУ №99 -и шаҳри Турсунзода Азизамоҳ Идиева ҳунару маҳорат ва донишу малакаи худро пешниҳоди аъзои ҳакамон гардониданд.

Озмун се рӯз идома ёфта, дар он аз рӯи шартҳои муаррифии таҷрибаи корӣ, дарси конкурсӣ аз рӯйи ихтисос, таҳлили дарс, соати тарбиявӣ, ҷавоб додан ба 10 савол ва кор бо компютер ғолибон муайян карда шуданд.

Мақсад аз баргузории озмун дарёфт намудани омӯзгорони боистеъдод, муаррифии таҷрибаи пешқадами онҳо ва ба ин восита баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мебошад.

Дар маросими ҷамъбастии озмун Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини Вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳоитобеи вазорат, намояндагони раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ҳайати ҳакамон ва довталабони озмун иштирок намуданд.

ДУШАНБЕ, 27.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирию кумаки Раиси Маҷлиси  миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе  муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бинои кӯдакистони №2 навсозӣ мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ.

Ин муассисаи томактабӣ бо тарҳи  замонавӣ  сохта шуда, ҳуҷраҳои он  бо ашёҳои муосири таълиму тарбия ҷиҳозонида мешаванд. Иншооти мазкур то ҷашни 35‐солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор мегирад.

Баъди навсозии пурраи  кӯдакистон  дар он  наздик ба  50 мураббия  соҳиби ҷойи кор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Тирчид яке аз  маҳаллаҳои сернуфузтарини шаҳри Хоруғ маҳсуб мешавад. Кӯдакистони  ин  маҳалла  соли 1976 бунёд шуда,  бо мурури замон  куҳнаву фарсуда гардида, зарурати сохтмони бинои нави он ба миён омада буд. Айни ҳол дар ин боғчаи бачагона  70 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта  шудааст. Баъди навсозии ин муассисаи томактабӣ имкони ба таълиму тарбия фаро  гирифтани  200  нафар кӯдак пайдо мегардад.

Хотиррасон менамоем, ки  навсозии кўдакистони мазкур  бо ташаббуси  Раиси  Маҷлиси  миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ  амалӣ  гардида, аз ҷониби соҳибкори шаҳри Душанбе, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сарманзил” Маҳмудҷон Муродов  анҷом дода  мешавад.

ДУШАНБЕ, 27.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4 сол аст, ки аз ҷониби кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирӣ аз ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон амалиёти муштарак гузаронида мешавад. Зимни амалиёти мазкур ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани ҷинояткориҳо дар байни ноболиғону наврасон, аз ҷумла бо волидайни онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Дар ин бора зимни мулоқоти намояндагони мақомоти милитсия бо директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Сино, раисони кумитаҳои маҳал ва фаъолони ҷомеа баён карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе.

Дар мулоқот иброз гардид, ки гарчанде аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» чандин сол сипарӣ гардида бошад ҳам, ҳанӯз аз ҷониби баъзе аз волидайн нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон бемасъулиятӣ ба назар мерасад. Ин аст, ки ҳоло ҳам сар задани муноқишаҳои гурӯҳӣ миёни наврасон, содир намудани ҷиноятҳои дуздиву ғоратгарӣ, бо худ гардонидани яроқи сард, махсусан корд ва шабгардиву ба амалҳои ношоям даст задани наврасон решакан нагардида, боиси нигаронӣ мебошад.

Мулоқоти мазкур бо мақсади тавзеҳи бандҳои алоҳидаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии содиркунии амалу кирдорҳои номатлуб аз ҷониби ҷавонону ноболиғон ва баррасии роҳҳои ба илму дониш роҳнамоӣ сохтани ин қишри ояндасози ҷомеа доир гардид.

Дар он сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ҷавонон ва ноболиғони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансур Бухоризода, муовини раиси ноҳияи Сино Ашурбӣ Каримова ва сардорони ШВКД-1 ва ШВКД-2 дар ноҳияи Сино иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи тарбияи ватандӯстӣ ва ба илму донишҳои замонавӣ фаро гирифтани ҷавонон таъкидҳои махсус намуда, масъулини сохторҳои давлатиро муваззаф сохтанд, ки барои илмомӯзии наврасон чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар робита ба ин аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ҳамкорӣ бо ҷомеа барои коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ аз ҷониби ноболиғону ҷавонон чорачӯӣ карда шуда, сол то сол шумораи он коҳиш меёбад. Вале чуноне таъкид гардид, ҳамаи ин нишондиҳандаҳо кофӣ набуда, бояд ҳамагон ба таври дастҷамъона дар тарбияи наврасон саҳми арзанда гузорем, зеро ояндаи дурахшони давлату миллат аз насли донишманду ватандӯст вобастагии калон дорад.

ДУШАНБЕ, 27.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар оғози соли равон тавассути нашрияи бонуфузи илмии «Walter de Gruyter GmbH», Berlin/Boston китоби «Tajik Linguistics» («Забоншиносии тоҷик») ба нашр расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Китоби «Tajik Linguistics» аз ҳашт фасл иборат буда, як фасли он ба қалами забоншиноси тоҷик, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон тааллуқ дорад.

Фаслҳои боқимондаи китобро забоншиносон ва ховаршиносон аз Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Канада, Ҷопон, Олмон, Русия ва Эрон таълиф кардаанд.

Китоби мазкур дар шабакаи ҷаҳонии интернет дастрас буда, дар мағозаҳои китоби кишварҳои Аврупо ба фурӯш гузошта шудааст.

Мавриди тазаккур аст, ки забони тоҷикӣ ва таҳқиқ дар заминаи он солҳои охир дар Америка ва Аврупо беш аз пеш таваҷҷуҳи муҳаққиқон ва алоқамандонро ба худ ҷалб менамояд.

ДУШАНБЕ, 27.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар гўшаву канори Тоҷикистон мардум фарорасии иди Садаро барои якдигар шодбош гуфта, бо баргузории намоиш-фурӯши ниҳол, оростани хони идона ва базму тараб онро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта истодаанд. Дар ин робита, хабарнигори АМИТ бо президенти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АИКТ, доктори илмҳои кишоварзӣ Нуралӣ АСОЗОДА оид ба моҳияти иди Сада суҳбат намуд, ки фишурдаи онро манзури хонандагон мегардонем:

— Мояи ифтихор аст, ки ҷашни ниёгон- иди Сада бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардида, бо фарорасии он деҳқонону кишоварзони мамлакат ҳамаҷониба ба кишту кори баҳорӣ омодагӣ мегиранд.

Ҳамасола ба истиқболи ҷашни Сада кишоварзони ҷумҳурӣ бо заҳмати дучанд истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

Олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар арафаи ин ҷашни кишоварзӣ давраи яксолаи фаъолияташонро бо номи «Аз Сада то Сада» натиҷагирӣ намуда, аз дастовардҳои назарраси худ ёдовар мешаванд. Аз ҷумла, олимони муассисаҳои илмии Академия дар ин давра 13 патенту шаҳодатномаи муаллифии ихтироот, 6 хабарнома барои натиҷаи мусбати экпертизаи расмӣ ва 3 арзнома ба даст овардаанд.

Ҳамчунин бо қарори Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироати кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пахтаи навъи «Файзи Сомон», ҷуворимаккаи навъи «Шараф-19» ва ангури навъи «30-солагии Истиқлол» ноҳиябандӣ гардида, 7 навъи зироати кишоварзӣ ва навъи дарахтони меваю ангур аз ҷониби комиссияи мазкур ба таври расмӣ қабул гардид.

Дар ин давра беш аз 500 навъи тухмии намунаҳои гуногуни зироати кишоварзӣ, растаниҳои шифобахш ва намудҳои гандуми ёбоӣ аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ ва ба Маркази миллии захираҳои генетикӣ ворид карда шуда, дар маҷмўъ миқдори тухмии навъу намунаҳо ба зиёда аз 13 ҳазор расонида шуд.

Ҳоло навъҳои ватании зироати кишоварзӣ аз 40 то 80 дарсади майдонҳои кишти ҷумҳуриро ташкил ва ба зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти хушсифати соҳа мусоидат менамояд.

Олимони соҳаи чорводории Академия дар натиҷаи меҳнати самарабахшу тўлонӣ зоти алои сершири тоҷикии чорвои калони шохдор, зоти гўсфандони маҳинпашми тоҷикӣ ва типи занбўри асали тоҷикиро офариданд, ки бо қарори маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд. Саршумори зиёди онҳо дар хоҷагиҳои чорводории ҷумҳурӣ парвариш карда мешавад.

Аз ҷониби олимони Академия ҷиҳати устувор нигоҳ доштани бозори дохилии озуқавории мамлакат роҳҳои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти озуқавории худӣ то сатҳи меъёрҳои ҳадди ақалл аз нигоҳи илм асоснок шуда, бунёди низоми маҷмўи сармоягузорию устуворгардонии идораи рушди ҳудудҳои деҳот дар асоси таносуби муносиби иштироки давлат ва шарикони хусусӣ пешниҳод гардид. Инчунин муҳаққиқони Академия вобаста ба нақшаи ҷойгиркунии зироат ва зерсоҳаҳои алоҳидаи кишоварзӣ шакли нави хоҷагидорӣ, яъне кластеркунонии ташкили меҳнат ва истеҳсолотро дар чанд намуди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ангур дар водии Ҳисор, гандум дар Данғара, зардолу дар Ашту Исфара, кластери шир ва маҳсулоти ширӣ дар ноҳияи Ёвон пешниҳод намуда, амалигардонии онро дар раванди ислоҳоти соҳа мувофиқи мақсад мешуморанд.

Барои татбиқи вазифаҳои дар назди олимон гузошта зарур аст, ки ҳар порча замини кишоварзӣ, обҳои мусаффои диёр ва нурҳои ҷонбахши Офтоб самаранок истифода шуда, вобаста ба имконияти агроиқлимӣ гирифтани ду-се ҳосили зироати кишоварзӣ амалан татбиқ шавад.

Дар ҳалли масъалаҳои муҳими кишвар ва таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ саҳми кишоварзон ниҳоят калон аст. Имрӯзҳо бо шарофати Истиқлоли давлатии Тоҷикистон кишоварзон дар фазои орому осоишта умр ба сар мебаранд ва фаъолияти пурсамар намуда, маҳсулоти фаровони кишоварзӣ истеҳсол менамоянд. Ин ба танзими нархҳои дастрас барои аҳолӣ замина мегузорад.

Аз аҳди бостон то ин дам кишоварзон ҷашни Садаро интизорӣ мекашанд. Деҳқонон тибқи анъана дар ин айём барои кандани каналу заҳбӯрҳо, тоза намудани ҷӯйборҳо, мондани яхоб, пошидани пору ва шудгори замин, буридани шохаҳои дарахтон, омода намудани тухмӣ, мошинолоти кишоварзӣ, нигоҳубини махсуси чорво ва аз зимистон солим баровардани ҳайвоноти хонагӣ тадбирҳои махсус меандешанд.