Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 30.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истиқлол бо 100 нафар ятими кулл вохӯрӣ намуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карданд.

Барои ин наврасону ҷавонон, ки бо амри тақдир аз навозиши волидайн бенасиб мондаанд, дастархони идона ороста шуд. Ятимон бо шодию нишот аз дасти Сарвари раъийятпарвару инсондӯсти мамлакат либоси мактабӣ, пойафзол, шириниҳо, кумаки молӣ  ва дигар туҳфаҳои арзишманд гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо наврасону ҷавонони ятим, ки аз шаҳрҳои Истиқлолу Истаравшан ва  ноҳияҳои Ашт, Мастчоҳ ва Ҷаббор Расулови вилояти Суғд мебошанд, суҳбати самимӣ ороста, онҳоро ба таҳсили хубу аъло, омӯхтани касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ ва кор бо технологияи муосир ҳидоят намуданд.

Ятимони кулл аз он изҳори хушҳолӣ менамоянд, ки дар чунин давлати ободу зебо зиндагӣ карда, дониш меомӯзанд ва ҳамеша таҳти ғамхорию дастгирии Пешвои маҳбуби миллат қарор доранд. Ҳангоми тақдими туҳфаҳо гуфта шуд, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошта, барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва зиндагии онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ ва самарабахш андешида мешаванд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар муассисаҳои таълимӣ шароити таҳсил ва будубоши тарбиятгирандагон дар мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтар карда мешавад. Ҷавонону наврасони ятим худро ҳаргиз бесаробон ҳис накарда, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу осоиши мамлакат илму ҳунар омӯхта, дар шукуфоии аз ин ҳам бештари Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми босазо мегузоранд.

Дар маросими ифтитоҳи даври дуюми озмуни шаҳрии «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» намояндагони Ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур ва мудири шуъбаи маорифи ноҳия ширкат доштанд. Масъулин ба хонандагон барои муваффақ шудан дар ин озмун комёбиҳо таманно намуданд. Тибқи низомнома озмун дар ду бахш назариявӣ ва амалӣ аз руйи шартҳои маҳорати суханварӣ, эссе, қироати шеър, имло ва тарҷума бо се забон гузаронида мешавад. Озмуни шаҳрии «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» ду рўз идома карда, дар рўзи аввал  ба хонандагон эссе, кори тестӣ ва луғатдонӣ бо се забон пешниҳод карда шуд ва  барои онхо 8 соат вақт ҷудо гардид.  

Озмуни «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» соли 2-юм аст, ки бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати ҷалби хонандагони Муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи  умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ,дақиқ ва табиӣ, рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ,  пайвастани илм ба истеҳсолот, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо роҳандозӣ мегардад. Даври ноҳиявии озмуни «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» дар  Муассисаи давлатии «Маркази таҳсилоти иловагӣ» -и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе доир шуда, дар он хонандагони  фаъоли синфҳои 9,10 ва 11 –ум аз тамоми таълимгоҳҳо ва гимназияю литсейҳои ҳудуди ноҳияи мазкур ширкат варзиданд. Дар даври навбатии озмун беш аз 100 нафар довталаб иштирок намуд. Озмуни мазкур  ба таври амалӣ ва тестӣ  аз рӯи 8 фанни таълимӣ гузаронида мешавад.

29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” ба бунёди токзори хавозавӣ, ки барои парвариши 4 намуди ангур пешбинӣ шудааст, оғоз бахшиданд.

Идома

29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо раванди бунёди токзори нав шинос шуда, дар маросими ба истифода додани хатти оби полезӣ иштирок намуданд.

Идома

29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ташриф оварда, дар Кооперативи тиҷоратии хоҷагии ҷамоавии ба номи Турсунбой Қӯшатов, ки кишоварзонаш дар истифодаи самараноку оқилонаи замин ва парвариши зироату истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таҷрибаи ғанӣ доранду ҳамасола дар фаровонии бозори истеъмолӣ саҳми назаррасу шоиста мегузоранд, бо раванди бунёди боғҳои нав шинос шуданд.

Идома