ҲИСОР, 12.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, рӯзҳои нахустини моҳи октябр муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён дар шаҳри Ҳисор ба Мактаб–интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳр рафта, бо шароити таълиму тарбия ва зиндагии кӯдакони маъюб шинос гардид. Дар ин хусус масъулини Мактаб–интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд хабар доданд.
Ба муовини Сарвазири Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки дар Мактаб–интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор 312 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, таҳсил дар зинаҳои ибтидоӣ ва умумии асосӣ дар як баст ба роҳ монда шудааст. Бошандагон тибқи оиннома ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, бо ҷойи хобу зисти шабонарӯзӣ таъмин мебошанд.
Мактаб–интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор дорои бинои хуби таълимӣ, хобгоҳ, ошхона, духтурхона, майдончаи варзишии мутобиқ ба вазъи саломатии бошандагон мебошад, ки онҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон ва соҳибкорони муваффақ таъмири пурра шуда, бо беҳтарин таҷҳизоти замонавӣ, мизу курсӣ ва компютерҳои нав муҷаҳаз мебошанд. Дар муассиса 29 нафар омӯзгор ва 30 нафар мураббии ихтисосманд ба таълиму тарбияи кӯдакони ниёзманд машғул ҳастанд.
Иттилоъ дода шуд, ки имсол баҳри омӯзиши ҳунар барои бошандагони ин муассиса маҳфилҳои касбомӯзии пухтупаз, пойафзолдӯзӣ, дастони моҳир, сартарош, рассомони ҷавон ва дастаи ҳаваскорон ташкил гардид, ки ба баланд гардидани тарбияи зебоипарастии тарбиятгирандагон мусоидат менамояд.
Дар Мактаб–интернати ҷумҳуриявии низомаш махсус баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024” 108 тонна ангишт, 30 куб ҳезум, 24 гармкунаки барқӣ, 3 тонна орд, 300 литр равған, 250 кг биринҷ, 500 кг шакар, 1 тонна картошка, 500 кг пиёз, 200 кг сабзӣ ва 500 зарф шарбати меваю қайлаи помидор захира намудаанд. Дар фасли сармо биноҳои муассиса тариқи 7 дегхона ба воситаи шабакаи ягонаи гармидиҳӣ гарм мешаванд.
Зимни шиносоӣ дар муассиса муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо тарбиятгирандагон суҳбати самимона намуданд.