Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 50 муассисаи таълимӣ ва 5 муасисаи томактабӣ фаъолият мекунад. Яке аз ин муассисаҳо таълимгоҳи №14- ум мебошад, ки соли 2017 ба фаъолият оғоз намудааст. Муассисаи мазкур 3 ошёна буда, дар он 753 нафар хонанда дар ду баст ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ба онхо 47 нафар омўзгорони соҳибтахассус дарс мегўянд. Тибқи иттилоъ дар таълимгоҳ 13 синфхона ва барои омўзиши фанҳои дақиқ 4 синфхона, ҳамзамон толори варзишӣ, китобхона, маҷлисгоҳ барои 204 ҷойи нишаст мавҷуд мебошад. Сатҳу сифати таълим дар ин макони илму маърифат хуб ба роҳ монда шуда, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ аз забони англисӣ назаррас мебошад. Чун фасли сармо наздик аст, тамоми муасисаҳои таълимиву томактабӣ ва дигар идораҳо ба ин фасл омодагӣ дида истодаанд.