Перейти к содержимому
 

 Идомаи даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар шаҳри Ҳисор.

Дар шаҳри Ҳисор даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» идома дорад, ки дар он ғолибони даври дуюм аз шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода, Роғун, Ваҳдат, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Варзоб ва Файзобод иштирок намуда, донишу малакаи худро санҷида истодаанд. Роҳбарияти шаҳри Ҳисор барои дар сатҳи баланди ташкиливу маънавӣ баргузор гардидани озмун шароити зарурӣ муҳайё намуда, дар коллеҷҳои омӯзгориву тиббӣ, Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 2 ва 5 синфхонаҳои муҷаҳҳазро барои озмун омода ва пешниҳод намуданд. Даври минтақавии  Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурўғи маърифат» то санаи 30-уми  сентябри соли равон  идома меёбад.