Перейти к содержимому
 

ОФАРИН! Сомон ва Беҳрӯз барои дарёфти медалҳои тилло ва биринҷии Бозиҳои Осиёии Ханжоу рақобат менамоянд.

ДУШАНБЕ, 25.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми имрӯз паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу оид ба гӯштини ҷудо ба финал роҳ ёфт. Дар финал ӯ бо Ли Ҷунван аз Кореяи Ҷанубӣ гӯштин мегирад. Дар ин хусус ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.

Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал бо ду имтиёзи вазарӣ бар Муаяд Звайб аз Фаластин пирӯз шуда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дар даври чаҳорякниҳоӣ Сомон бо имтиёзи иппон бар Асад Масабирови қирғиз ғалаба намуда, ба даври нимниҳоии Бозиҳои Осиёии Ханжоу баромад. Дар даври нимниҳоӣ Сомон тавонист, ки бар Абулайхан Жубаназари қазоқ бо имтиёзи вазарӣ ғалаба намуда, ба финал роҳ ёбад. Нимаи дуюми имрӯз варзишгари тоҷик дар финал бо Ли Ҷунван аз Кореяи Ҷанубӣ гӯштин мегирад.

Инчунин имрӯз варзишгари дигари тоҷик дар риштаи ҷудо Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кг дар даври аввали Бозиҳои Осиёи Ханжоу -2022 бар ҷудочии Филиппин Накано Кейсей бо имтиёзи иппон ғалаба намуда, ба даври чаҳорякниҳоӣ баромад. Дар даври чаҳорякниҳоӣ ӯ бар Данияр Шамшаеви қазоқ бо имтиёзи вазарӣ зафар ёфта, дар даври нимниҳоӣ аз Соичи Ҳашимотои ҷопонӣ бо як имтиёзи вазарӣ мағлуб шуд. Нимаи дуюми имрӯз Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кг барои нишони биринҷӣ бо Кингдага аз Чин рақобат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои Осиёии Ханжоу – 2022 аз 23 сентябр то 8 октябр дар шаҳри Ханжоуи Ҷумҳурии Мардуми Чин баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа 481 маҷмуи медалҳо аз рӯи 40 намуди варзиш ба роҳ монда шудааст. Дар ин мусобиқа 138 варзишгар аз Тоҷикистон дар 18 намуди варзиш ҳунарнамоӣ менамоянд.