ДУШАНБЕ, 25.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактаби варзишии ноҳияи Ёвон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ таҳти унвони «Намудҳои миллии варзиш-рукни асосии фарҳанги миллӣ» доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.
Фестивал бо ҷалби устодону мураббиён ва донишҷӯёну варзишгарони муассисаҳои тайёрии варзишии ноҳия доир шуда, дар он 8 намуди бозиҳои миллии варзишӣ бо тарзу усули маҳаллӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.
Рушди варзиш, аз ҷумла намудҳои миллии варзиш дар мамлакат зери ҳидояту роҳнамоиҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бозиҳои миллии варзишӣ эҳё гардида, дар гӯшаву канори Тоҷикистон бо тарзу усулҳои хоси миллӣ гузаронида мешаванд.
Ҳадаф аз баргузории фестивал- эҳё намудани бозиҳои миллии варзишӣ ва ба ин васила муаррифӣ намудани фарҳанг, тамаддун ва таърихи халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад.