Перейти к содержимому
 

БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Роғун бинои кӯдакистон ва «Амонатбонк» ба истифода дода мешавад.

РОҒУН, 22.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти Қади Оби шаҳри Роғун муссисаи томактабӣ, бунгоҳи тиббӣ ва дар маркази шаҳр бинои Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» сохта, ба истифода дода мешаванд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти двлатии шаҳри Роғун иттилоъ доданд.

Мудири филиали №19-и  Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳри Роғун Зинатулло Ғафурзода иброз дошт, ки бинои мазкур аз се ошёна иборат буда, бо беҳтарин таҷҳизоти замонавии бонкдорӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад.  Баъди ба истифода додани бино мушкилии нарасидани ҳуҷраҳои корӣ барои кормандон ва мутахассисони бонк бартараф мешавад.

Рушди муассисаҳои томактабӣ дар шаҳри Роғун яке аз масъалаҳои  асосӣ  ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ  дар деҳаи Қалъаи Нав, ки дар ин ҷо зиёда аз 350 оила зиндагӣ менамоянд, сохтмони муассисаи томактабӣ оғоз шудааст.  Кӯдакистони мазкур аз ду ошёна ва 34 ҷой барои кӯдакон иборат буда, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ сохта мешавад.

Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун  нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун оид ба истиқболи арзандаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 110 банд таҳия ва тасдиқ шудааст. Тибқи ин қарор, муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳ дар ҷамоатҳо ва маркази шаҳр барои назорати ҷараёни корҳои сохтмонӣ вазифадор гардидаанд.

То ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ  38 иншоот дар маркази шаҳри Роғун ва кӯчаи 25-солагии Истиқлолият,  14 иншоот дар шаҳраки Оби Гарм, 43 иншоот  дар Ҷамоати деҳоти Қади Об ва 10 иншоот дар Ҷамоати деҳоти Сичароғ бунёд мегарданд, ки дар умум 105 иншоотро ташкил медиҳанд. Аз ин иншооти сохташаванда    8 адади он аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ сохта мешаванд ва ҷараёни корҳо аз ҷониби вазорату кумитаҳои дахлдор назорат ва натиҷагирӣ мешавад. 19 иншоот аз ҳисоби буҷаи маҳалу сармояи хориҷӣ ва 78 иншооти боқимонда аз ҷониби соҳибкорон сохта мешаванд.

Бояд гуфт, ки ояндаи наздик шаҳри Роғун ба яке аз марказҳои фарҳангиву сайёҳӣ ва муаррифи маданияти баланди меҳмоннавозии тоҷикон табдил меёбад. Минбаъд таваҷҷуҳи сайёҳон ба ин мавзеъ зиёд мегардад. Бо ин мақсад бо истифода аз обҳои шифобахш ва табиати зебои шаҳри Роғун доир ба фароҳам овардани шароити муосир барои рушду ривоҷи соҳаи сайёҳӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.